Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ёздаҳсолагӣ нигоҳ доштани нусхаи баъзеи онҳоро лозим дид. Акнун гумон мекард, ки шеърҳои ишқиаш бад нестанд... Аммо ҳоло ҳам нусхаҳои онҳоро эҳтиёт менамуд, ба падар нишон додани онҳоро зарур намеёфт. Дар асл ӯ мефаҳмид, ки шеърҳояш ба падари донишмандаш писанд намеоянд ва падар онҳоро ноқису хом ёфта, ӯро мазаммат мекунад. Вале чӣ шуд? Кор якбора ба хайр анҷом ёфт. Вай гумон намекард, ки шеърҳояш ба дасти падар афтида таъриф мебинанд. Инак, дар он лаҳзаи суҳбати падар ӯ хеле шод гардид ва бо хушҳолӣ ба рӯи падар нигариста механдид... (544 калима)
Аҳмад Абдуллоев

5

Сабабҳои монандшавӣ ва афтидани овозҳоро гӯед.

ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН

Душанбе шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ буда, пойтахти Тоҷикистон мебошад. Дар замони тоинқилобӣ Душанбе як деҳаи хурди назарногир буда, аҳолии хеле кам дошт. Номи деҳаи Душанбе аз асри XVII инҷониб маълум аст. Ҳарчанд Душанбе дар гузашта деҳаи хурд буд, вале азбаски дар маркази Бухорои Шарқӣ ҷойгир шудааст, ҳар ҳафта рӯзи душанбе дар он бозори калон барпо мегашт. Аз деҳаву ноҳияҳои дуру наздик, аз мамлакатҳои дурдаст ҳар рӯзи душанбе савдогарому деҳқонон ба ин ҷо омада, ба харидуфурӯш машғул мешуданд. Аз ин ҷиҳат оҳиста-оҳиста ин деҳа бо номи Душанбе машҳур гашт. Аз қадим дар шаҳр намояндагони асосии онро тоҷикон ташкил медоданд. Ҳар рӯзи душанбе барпо гаштани бозори бузург ба ҳаёти деҳа, албатта, таъсири мусбат мерасонид. Барои ҳамин Душанберо аллакай аз охири асри XIX сар карда, шаҳр меномиданд. Ҳақиқатан ҳам Душанбе аз деҳаҳои дигар ба куллӣ фарқ мекард. Ибтидои асри XX дар Душанбе қозихона, қалъаи мир, дорухона ва шифохона амал мекарданд. Дар ин ҷо соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, оҳангарӣ, чармгарӣ ва

пешина
аз 275
навбатӣ