Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

рӯҳбаланд шуд. Дар ҷои деҳаи хурди Душанбе тадриҷан шаҳри бузург қомат афрохт. Дар Душанбе сохтмони бузург оғоз ёфт. Соли 1929 Тоҷикистон ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил дода шуд. Аз ҳамон сол инҷониб обрӯи Душанбе ҳамчун яке аз шаҳрҳои калони Осиёи Миёна афзудан гирифт. Дар худи ҳамон сол Душанбе ба худ номи Сталинободро гирифт ва соли 1961 аз сари нав номи қадимиаш барқарор карда шуд. (545 калима) Аҳмад Абдуллоев ва дигарон «Усули навиштани иншо»

6 Шумора ва ҷонишинҳоро аз матн ёбед ва имлои онҳоро шарҳ диҳед.

ВАТАНАМ — ТОҶИКИСТОН

Пос доштани муқаддасоти миллӣ
барои ҳар як фарди бофарҳангу
ватанпарвар ҳам фарзу ҳам суннат аст.
Эмомалӣ Раҳмон

Ба бахти мо 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол гардид. Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хоса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш аст. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои нодир ноил гардидааст. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, нерӯгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои серӯшёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштсо мебошад.

Мо тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки гузаштагони мо боре ҳам барои ғасби кишваре лашкар накашидаанд. Баръакс, барои намояндагони ҳунару адаб робитаи дӯстӣ барқарор карда, анъанаҳои писандидаи дигар миллатҳоро гулчин намуданд ва дар омезиш бо қолаби шарқиёна пешкаши мардум гардониданд.

пешина
аз 275
навбатӣ