Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Барои ин сараввал бояд худи мо муаддаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебои адаб ҳидоят намоем. Ҳикмати Абдураҳмони Ҷомӣ матлаби моро равшан мекунад:

Боядат аввал адаб андӯхтан,
Пас дигар касро адаб омӯхтан. (400 калима)
Халифабобо Ҷумъазода

14 Фарқи байни ҷумлаи мураккаби пайваст аз ҷумлаи содаи чидааъзо дар чист?

МАҚБАРА ВА ЗИЁРАТГОҲИ ИМОМ БУХОРӢ – МУАЛЛИФИ «АЛҶОМЕЪУССАҲЕҲ»

Муҳаммад ибни Исмоил Абуабдуллоҳ мулаққаб ба Алҷӯъфӣ сездаҳуми шавволи санаи 194 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба бистуми июли соли 810 милодӣ дар Бухоро таваллуд шудааст. Аҷдоди ӯ аз мардуми эронинажод буд...

Муҳаммад дар Бухоро таҳсили илм намуда, аз синни хурдсолӣ ба омӯхтан ва аз ёд кардани аҳодиси пайғамбар* истеъдоди фавқулоддае доштааст. Вай то синни шонздаҳ дар назди устодони забардасти илми ҳадис дар Бухоро таълим гирифта, бо қувваи ҳофизаи баланд чандин китоби аҳодисро аз бар карда, бисёр донишмандони бузурги замонашро дар ҳайрат гузоштааст.

Муҳаммад дар синни шонздаҳ бо модар ва амаи худ ба зиёрати Макка меравад ва пас аз ҳаҷ модару амаяш ба Бухоро бармегарданд ва Муҳаммад ба манзури тадрис ва омӯзиши аҳодиси набавӣ* ва улуми диния дар Макка сокин мешавад. Ва аз ҳамин вақт ҳам дар Макка ва ҳам дар шаҳрҳои дигари Машриқзамин - дар Мисру Сурия, Алҷазираву шаҳрҳои бузургтарини хилофати араб омӯзишу ҷамъоварии аҳодиси набавӣ аз тарафи ӯ аз шахсони номдор ва уламои машҳури он замон оғоз меёбад. Дар тайи сафарҳо ва дар натиҷаи таҳқиқу ковишҳои пайдарпаю пурзаҳмат

пешина
аз 275
навбатӣ