Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Муҳаммад зиёда аз 600 ҳазор ҳадиси саҳеҳ ва носаҳеҳро гирд оварда, чун олими илми ҳадис дар кишварҳои мусулмон ном мебарорад. Шояд дар ҳамин солҳо ба нисбаи Албухорӣ машҳур гашта бошад. Аз баҳри беқанори аҳодис Албухорӣ 7397 ҳадисро чун нусхаҳои саҳеҳ ва лошакк* интихоб намуда, дар китобе ба номи «Алҷомеъуссаҳеҳ» тадвин мекунад. Дар ин китоб бори аввал буд, ки аҳодиси набавӣ аз рӯи мавзӯю мундариҷа ба бобу фаслҳо - ба 97 китоб ва 3450 фасл мункасим* гардид.
Муҳаммад Албухорӣ дар охири умр ба зодгоҳаш
баргашта хостааст, ки солҳои охири зиндагиро дар Бухоро
ба оромӣ сипарӣ намуда, дар соати маъвуд ҷон ба Ҳақ
таслим намояд. Аммо чунин рӯзгори осуда ба вай насиб
нагардид. Баъд аз муддате миёни Албухорӣ ва ҳокими
Бухоро Холид ибни Аҳмад Аззуҳайлӣ ихтилофи шадиде рух
дод ва ин амири носипос бар зидди Албухорӣ фитнаву
дасиса барангехт, то он ҷо, ки Албухорӣ аз ҳамлаи
душманон наҷот ҷӯста, зодгоҳашро тарк намуд. Вай ба
мавзеи Пайкент (Қароқӯли имрӯза), ки зодгоҳи ҷалди*
дуввумаш буд, паноҳ мебарад. Аммо ин ҷо ҳам ҳамоно
хатари сӯиқасди гумоштагони волии Бухороро пай бурд ва
бо чанд тан ҳамроҳон роҳи Самарқандро пеш гирифт. Ҳанӯз
ба Самарқанд нарасида, дар деҳаи Хартанг манзил гузид. Ба
эҳтимоли зиёд сабаби ин бад шудани вазъи саломатии вай
буд. Баъд аз муддате аз ҳокими Самарқанд сафирон расида,
ӯро ба шаҳр даъват мекунад, вале Албухорӣ аз ин даъват
сарфи назар мекунад ва дере нагузашта дар ин деҳ ҷаҳонро
падруд мегӯяд. Чунонки дар маҳазҳо омадааст, фавти
Албухорӣ соли 256 ҳиҷрии қамарӣ рӯзи шанбе, дар арафаи
иди фитр воқеъ гардидааст. Дар ин рӯз синни ишон шонздаҳ
рӯз кам шасту ду сол будааст. (449 калима)
Расул Ҳодизода
ЛУҒАТ
аҳодиси паямбар — хабар ё ривояте, ки аз қавли Муҳаммад
пайғамбар (с) ё имомон накл кардаанд
набавӣ - пайғамбарӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё