Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Зи нури рӯз гурезад ҳамеша зулмати шаб,
Чу фахр пайдо гардад, нуҳуфта гардад ор.
Бузургони илму адаб ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, адабро ганҷи қимат ва шарафу иқбол ба қалам додаанд. Ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ далели андешаи болост:
Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар аз мулки Фаридун бувад.
Бадриддин Ҳилодӣ бо як илҳоми шоирона хеле бамаврид мегӯяд:
Адаб ороиши афъол бувад,
Адаб осоиши аҳвол бошад.
Адаб маҷмӯаи ҳусну ҷамол аст,
Баҳоре дар камоли эътидол аст.
Адаб дар назари аҳли ҷуд бахту саодат, давлати ноёб, эътибору шаҳомат, тоҷи сари мардон аст. Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ гуфта:
Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,
Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ арзон аст.
Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид,
Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.
Мутаассифона, на ҳама наврасону ҷавонон қоидаҳои одобро риоя карда, аз рӯи он амал мекунанд. Вақтҳои охир теъдоди ин кабил ҷавонон ба маротиб афзуда, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар кӯчаю хиёбонҳо беадабиро дида бепарво мегузарем. Ин амали бемавқеъ ба суди ҷомеаи навину демократӣ нест.
Аз ин хотир, ҳамаи мо вазифадорем, ки наврасонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё