Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Имрӯз вазифаи мо, меросбарони осори ӯ аз он иборат аст,
ки чароғи фурӯзони забони модариро равшану бегазанд
нигоҳдорӣ кунем. (430 калима)
Умар Сафар
13
Нақши пайвандаки ки-ро дар ҷумлаҳо эзоҳ диҳед.
АДАБ ҲУСНИ ИНСОН АСТ
Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.
Адаб ҳусни инсон аст. Оре, шахси боадаб ҳамеша аз хасоили ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархурдор аст. Аслан ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Зеро хуб медонанд, ки бузурге гуфта:
Манманиҳо пешони шайтон бувад,
Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад.
Бешубҳа, ҳар ҷо, ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумӯъ низ ба миён меояд. Ҳатто дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Фарогирии адаб ба худи ҳар як инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае ҳаст: «Луқмони Ҳакимро пурсиданд:
– Адаб аз кӣ омӯхтӣ?
Гуфт:
Аз беадабон. Ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам».
Аз ин андешаи орифона чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Як шахси боадаб бар сари сад нафар беадаб пирӯз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рӯз маҳв мекунад. Бо ин маънии Абулҳасани Фаррухӣ гуфтааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё