Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

пурҳикмат эҷод кардаанд. Махсусан шоири бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ, ки худ дар оилаи деҳқон таваллуд шуда буду бо замин пайвандӣ дошт, дар ҳаққи пешаи деҳқонӣ суханҳои воло гуфтааст:

Беҳ аз санои олам деҳқон аст,
Ки вахшу тайрро роҳатрасон аст.
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,
Аз ӯ гаҳ зар, гоҳе бӯстон аст.

Қадри нон, ки беҳтарин неъмати инсонист, бо ахлоқи одамон сахт вобастагӣ дорад. Ахлоқи инсон солимии ҷамъиятро муайян мекунад. Ахлоқу одоб агар вайрону коста гардад, дар ҷамъият ҳар гуна муқаддасоти маънавию моддӣ беқадр мешавад. (352 калима)
Аҳмад Абдуллоев ва дигарон

9 Гӯед, ки аломатҳои китобат дар ҷумлаҳои мураккаб чӣ вазифаро иҷро менамоянд?

САФАРИ ШАҲРИ НОРАК

Вақте ки аз автобус фуромадам, офтоб ғуруб карда тафти гармо мегашт. Лекин ҳаво дам дошт. Ба кӯчаи фарохи асфалтпӯш, ки дар ду бари он дарахтони сарсабзи чанору иморатҳои бисёробату хуштарҳ саф ороста буданд, ду мошини обпош яке паи дигаре, гӯё беозор лағжида, маҳин об мепошиданд. Аз рӯи роҳи тар бухори тунуке бархоста, зуд дар мағзи ҳаво гум мешуд. Ба димоғ бӯи хоку тафти замин мерасид. Шаҳр серолам, вале баръакси тахмини ман ором буд, ки аз ин ҳолат лаҳзае ба ҳайрат омадам. Ман, охир, бори аввал ба Норак сафар мекардам. Ва раҳораҳ андеша доштам, ки модоме дар он ҷо бузургтарин сарбанди дунёро месозанд, пас мошинҳои пуркуввати бисёре дар ҳаракатанд, пас мебояд вай шаҳр не, балки як користони сергавғо бошад.

пешина
аз 275
навбатӣ