Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Асосҳои грамматикии ҷумлаҳоро нишон диҳед.
ҚАДРИ НОН
Аз замин нопрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм.
Мирзо Турсунзода
Инсон чанд муқаддасоте дорад, ки онҳоро дар ҳамаи давру замонҳо қадр менамояд. Ба ин муқаддасот пеш аз ҳама модар, ватан, китоб ва нон дохил мешаванд. Инсон, ки ақлу шуур дорад ва метавонад бисёр чизҳоро ба дасти худ биофарад, бештар ба маънавиёт майлу рағбат дорад ва муқаддасоти маънавиро бештар парастиш мекунад. Бисёр динҳои ҷаҳон таълим медиҳанд, ки инсон набояд фақат ба моддиёт дода шаваду шикампарвар бигардад. Барсари ҳамин одамон ҳарчанд чизу молро дӯст медоранд, вале онҳоро мавриди парастиш қарор намедиҳанд. Дар назди инсонҳо танҳо як неъмати моддӣ чизи хеле муқаддас аст, ки номи он нон аст. Нон бебаҳотарин сарвати ҳаёти моддии инсон аст ва қадру манзалати он дар пеши инсон баробари сарватҳои муқаддаси маънавист ва мо бояд онро қадр кунем.
Одамони қадим аввалҳо бо шикори ҳайвонот рӯз мегузаронданд. Хӯроки асосии онҳо гӯшт буд. Баъдтар онҳо корҳои деҳқонӣ, яъне кишту кори заминро ёд гирифтанд.
Нахустин чизе, ки ба замин кишт намуданд, донаи гандум буд. Аз ҳамон замони қадимтарин то ба асри XX, асри атому кайҳон ва тараққиёти илму техника нон пеши инсон азизу бебаҳост. Одамони имрӯза аз одамони замони гузашта бо ақлу идрокашон хеле фарқ мекунанд, вале ҳамоно мисли гузаштагони худ нонро қадр мекунанд. Аз ҳамон замонҳо инчунин пешаи деҳқонӣ барои одамон хеле азиз аст. Чунки маҳз деҳқон донаи гандумро ба замин мекорад, онро парвариш мекунад ва ҳосилашро дарав менамояд. Танҳо баъди ин корҳо гандумро орд мекунанд ва аз орд нонҳои гарму лазиз мепазанд. Аз ин ҷиҳат шоирони бузурги классики форсу тоҷик дар хусуси пешаи деҳқонӣ шеърҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё