Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

гуногун, монанди «одамушшуаро», «падари шоирон», «устоди бемонанд», «офаринандаи шеър», «ситораи саҳарии шоирон», «имоми фунун ва суханвар» ва ғайра тақдир ва сарфароз намудаанд.

Аз рӯи гуфтаи доноёни адабиёти тоҷик маълум мешавад, ки Рӯдакӣ аввалин бор дар таърихи адабиёти тоҷик девони шеърҳои худро ба сад дафтар, яъне ба сад ҷилд ҷамъ оварда, ба миқдори як миллиону сесад ҳазор шеър гуфта шудааст.

Дар миёни мардумони Шарқ, аз он ҷумла, дар байни тоҷикон, баъзе қаҳрамонҳои анъанавӣ, ки бо хислатҳои неки худ ном баровардаанд, чунончи Ҳотами Той дар саховат, Моний дар наққошӣ, Рустам дар паҳлавонӣ, Маҷнун ба Фарҳод дар ишқу вафо ва ғайра хеле машҳур гардидаанд. Рӯдакӣ низ дар шоирӣ чунон овоза бароварда буд, ки номи вайро дар санъат баробари ҳамон қаҳрамонҳои анъанавӣ гузоштаанд. Бинобар ин, овозаи шеърҳои ӯ аз Панҷрӯд то ба Бухоро ва аз Бухоро то ба мамлакатҳои дуру наздики он замон паҳн гардида буд; ӯ дар як шеър ба ин мартабаи шуҳрати худ ишорат карда чунин навишта буд:

Ту Рӯдакиро, эй моҳрӯ, ҳамебинӣ,
Бад-он замона надидӣ, ки ин чунин он буд.
Бад-он замона надидӣ, ки дар ҷаҳон рафтӣ
Сурудгӯён, гӯй, ҳазордастон буд...

Аз замони ӯ зиёда аз ҳазор сол гузашта бошад ҳам, вале вай то имрӯз, ба қавли Абдураҳмони Ҷомӣ, худашро бо назм зинда нигоҳ доштааст.

Шеърҳои Рӯдакӣ бо боигарии образҳо ва вусъати фикр мақоми махсусе дошта, ҳуҷҷатҳои қиматбаҳо барои асри Х мебошанд. (351 калима)

Шарифҷон Ҳусейнизода

пешина
аз 275
навбатӣ