Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Лекин ин тавр набуд. Ман ҳоло худро ҳақиқатан дар макони ороме медидам ва дар пиёдагарди қади кӯча қадам зада, ба дари бози мағозаҳо, ки одамони тӯрҳалтаву анбон ба дасти зиёде аз онҳо даробаро мекарданд, ба гулгаштҳои серун, ки дилкашу рӯҳафзо буданд, инчунин ба чеҳраи роҳгузарони кушодарӯ, ки ҳар кадом ба ҷонибе шитоб доштанд, зуд-зуд чашм партофта, аз оинаи хаёл мегузарондам - одами мусофир, рафту бехабар бошад, ки дар ҳамин мавзеъ, дуртар аз маркази шаҳр, чанд сол боз ба Нерӯгоҳи барқии обии Норак бунёд мегузоранд, ин кӯчаҳои озода, иморатҳои ҳозиразамон ва кӯҳҳои дурангу серанги атрофро дида, эҳтимол гумон мебарад ба истироҳатгоҳи некманзаре афтидааст...

Ман ба нияти ягон чизи очеркнамо навиштан ба сафари Норак баромада, ҳанӯз дар Душанбе ба худ аҳд карда будам - дар он ҷо, то ки мушкилам осон гардад, пеш аз ҳама ба яке аз навошноҳои норакиам, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳр Боймирзо Шукуров вомехӯрам ва аз ӯ дар хусуси ба киҳо ҳамсуҳбат шудан, ба чӣ тарз омӯхтани вазъи феълии сохтмон маслиҳат мепурсам. Мо ду-се моҳ қабл дар Душанбе, дар мулоқоти аҳли адаб бо як гурӯҳ роҳбарон ва бинокорони пешқадами Нерӯгоҳи барқии обии Норак, ки дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагон баргузор гардид, шинос шуда будем. Вай он вақт бо хушгуфториву ҳозирҷавобии хеш ҳозиронро тасхир мекард. Баъди мулоқот мехостам минбаъд низ бо акаи Боймирзо ҳамсуҳбат бошам, аз ҳикоятҳои намакинаш баҳра бардорам, аз забонаш латифаҳо шунавам. Чунки вай, бешубҳа, як одами зиндадил менамуд, ба кас дарҳол унс мегирифт.

Бинобар ин, аз роҳгузаре дар куҷо воқеъ гардидани кумитаи иҷроияи шаҳрро пурсидам. Ва фурсате нагузашта, онро ёфтаму ба қабулгоҳи раис даромада, аз котиба суроғаш кардам. Вай гуфт, ки каме мунтазир бошам, ҳамин замон расида меояд. (391 калима)

Саттор Турсун

пешина
аз 275
навбатӣ