Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Қайнараш мегӯянд ин мавзеъро ва ҳар касе, ки боре сайри ин ҷоҳо кардааст ва косае аз ин об нӯшидааст, ин лаҳзаҳои умрашро ҳаргиз фаромӯш намекунад.
Марди саҳархез бо дили наҳор косае аз ин об нӯшид ва худ ба худ зери лаб гуфт:
– Оби Қайнар ҳаст ёрон, нӯши ҷони Панҷакент!
Хуш гуфт, ҳақ гуфт ва маро ҳам ҳаваси обнӯшӣ омад.
Нӯшидам ва ҳамин лаҳза маро ёди шоири шодравон Файзулло Ансорӣ омад. Солҳои шастум аввалин бор ҳамон кас маро ба тамошои ин мавзеъ оварда, косае аз ин об дароз карда буданд. Ёдашон ба хайр!
...Устои гилкор дар зери партави нурҳои офтоб бо завқ ба нардбон часпида, боло баромад, гумбади нилгун ва пурҳашаматро бо диққат назора кард, ҷойҳои аз боду борон газандёфта ва тармимталаби онро даст-даст карда дид ва ба поён, ба шогирдон нигариста гуфт:
– Сар кардем. Ва кори таъмири мақбараи Башоро оғоз гашт. Зери дастони пурэҷоз ганчинаи қадимаи шаҳр лаҳза ба лаҳза намуд ва рангҳои мухталифи пешинаи худро пайдо мекард.
Дари осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ боз гашт ва як гурӯҳ сайёҳони аз ҷойҳои дур омада вориди он гаштанд. Лаҳзае нагузашта, кӯзаҳо, хумҳо, сару либос, сангҳо, катибаҳо ва дастнависҳои қадима ба забон меоянд ва аз таърихи суғдиён, аз зисту зиндагонии мардуми Панҷакенти қадима ба ҳикояги доменодор мепардозанд.
Ду нафар аз роҳи паҳлуи осорхона, ки то ба соҳили дарёча мебарад, қадам зада, дар назди обҷувоз ва осиёби қадима бозистоданд ва бо ҳайрату кунҷкобии зиёде ҳар як олоти орду обҷувоз (шоликӯбӣ)-ро даст-даст карда диданду табассум намуданд. Маълум. Онҳо сайёҳонанд, сайёҳони хориҷӣ ва ин ҳама бароишон басе мароқовар. Охир, чизҳои дирӯзакак гӯё бароимон ошно, аллакай таърихи ноёбӣ, антика шудаанд. Карнайи табакмонанди радҳои солҳои ҷанг, патефон, равед, ки накораву сурнай ҳам.

пешина
аз 275
навбатӣ