Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
намудани оби нӯшокӣ сохта шудаанд. Дар байни давлатҳои дунё аз ҳама бештар Кувайт дар мавриди тозакунии об шуҳрат пайдо кардааст.
Хушбахтона, кишвари мо — Тоҷикистон аз чунин мушкилоти замон дар канор аст. Тоҷикистон дар саргаҳи оби кӯлу дарёҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст. Ба ин пеш аз ҳама, мавқеи ҷуғрофӣ, хусусиятҳои иқлимӣ, сатҳи замин ва дигар омилҳои табиӣ сабаб гардидаанд.
Оид ба ин масъала Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози ақида намуд: «Барои Тоҷикистон ин зарурати ислоҳи ҷиддии стратегии истифодаи захираҳои об ва намудҳои дигари манбаъҳои барқиро ифода мекунад. Бояд ҳама дарк намоянд, ки қимати об аз қимати нафт, газ ангишт ва дигар намудҳои сӯзишворӣ ва манбаъҳои барқӣ камтар нест. Ин масъала вақтҳои наздик ба мадди аввал баромада, тамоми низоми муносибатҳои минтақаро дар тӯли даҳсолаҳои асри XXI муайян хоҳад кард». (390 калима)
Холназар Муҳаббатов
2
Асосҳои грамматикии ҷумлаҳои матнро аниқ созед.
ШАҲРИ ҚАДИМА
Субҳ дамида, шаҳри қадима лаҳза ба лаҳза бедор мешуд ва худро ба оғӯши гарми зиндагӣ меандохт. Хуршед аз паси кӯҳҳои сар ба фалак чеҳраи дилкаши худро намудор карда, ба мардум рӯзи нек, барори кор мехост. Заррачаҳои тиллоии он дар шохсорони баланди сафедор бозӣ мекарданд. Гунҷишкакон аз навдае ба навдае парида, ниҳоят худро ба болои бом, ба замин, ба роҳравҳо ҳаво дода, ризқу рӯзиашонро пайдо мекарданд, шод шуда, қанотак мезаданд, нағмасарой мекарданд.
Марди косаи сафол ба даст, вориди ҳавличае шуд, ки он ҷо чашмае буд хурӯшон ва оби зулолаш дармони ҷон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё