Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

...Ду мӯйсафеди нуроние аз ду тараф, аз самтҳои муқобил асозанон омада, дар мобайни пули навсохти болои сой бо ҳамдигар ҳолу аҳвол пурсиданд. Дер боз ин ҷониб надида буданд, ки суҳбаташон қаймоқ баст. Яке гапи дигареро бурида, ҳарф мезад ва кайҳо ҳар ду фаромӯш карда буданд, ки ин роҳ, ин пул мошингард аст. Ёди ҷавонӣ мекарданд, шукри ин рӯзҳо, шукри ин давру замон мекарданд мӯйсафедони куҳансоли шаҳри куҳан.
Ибод Файзуллоев

3

Ҷумлаҳои мураккабро ҷудо кунед.

ХАТИ ШАРЪӢ

Тӯй гузашт, лекин баробари гузаштани тӯй ба хонаи Бозор азо, мотам ва мусибат омад. Яъқуббой ва арбоб тӯйро бо тарзе ки ба хаёли Бозор ҳеҷ рост намегузашт, исрофкорона гузаронданд. Ба болои ин ҳар чизе, ки аз тарафи бой ба тӯй сарф шуд, нарҳу баҳои он ба инсофи худи бой ҳавола шуд, ки ин ҳам сабаби зиёдатии харҷ гардид.

Ҳанӯз дегҳои тӯйро наканда ва оташдонҳояшро нагӯронда бой ҳисобу китобро дар миён овард, ҳисобӣ карда диданд, ба тӯй ғайр аз чизҳое, ки аз бисоти худи Бозор сарф шудааст, то моли ҷондор ва пули нақда аз бой ҳам панҷсад танға рафтааст.

Бой ба Бозор гуфт:

– Додар, ҳар чӣ бошад ҳам, ба хурсандии тӯятро гузаронидем: агарчи аз ман ба тӯйи ту ҳамин қадар маблағ сарф шуда бошад ҳам, зарар надорад; мол писанд нест, дунё гузарон аст, танҳо саломатии якдигар даркор аст; лекин ихтиёри саломатӣ ва гандурустӣ ба дасти худи одам нест; мову ту имрӯз ҳастем, фардо нестем; бандаи муъмин ҳамеша бояд ба мурдан ҳозир бошад, марг ба одамӣ аз раги гарданаш ҳам наздиктар аст. Ана, барои чунин рӯзҳои ноомад одамӣ бояд ҳамеша корҳои худро ба шариат ороста

пешина
аз 275
навбатӣ