Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
10
Сохти ҷумлаҳои матнро муайян кунед.
ҒУРУБИ ОФТОБ
Ҳар ду поям андаруни об, ба лаби ҷӯе, ки аз миёни ҳавлии фарохи дӯсти бачагиам мегузарад, танҳо нишаста, ба ҳишир-ҳишири алафҳои хушки пешу бар осуда гӯш медиҳам. Ва аз ҳавои бегоҳирӯзии тирамоҳон, ки оғӯшта ба бӯи себ аст, хотирҷамъ нафас мегирам. Ногаҳон, паррандагони сари шохаҳои дуру наздик фир-фир парида, чаппаву роста ба вусъати осмони ором мехезанд. Якта-нимта қурбоққаҳо тарсомез кур-кур мекунанд. Лак-лак пашаҳои сияҳранги чолок дар гирду атроф виз-виз ба парвоз меоянд. Чунонки нохост кӯр шуда, раҳгум зада бошанд, ба ҳамдигар бармехӯранд. Ва калобавор ба ҳам печида, поин мераванд, боло меҷаҳанд. Мокиёне ба қут-қут ҷониби катак метозад. Аммо бо вуҷуди ин паропар, давуҷег ва садоҳои мухталиф дар саросари ҳавлӣ як сукути баасрор ҳукм меронад. Ва гӯё таъзӯқи осмон бошад, хаёлам, ки оби ҷӯйбор вазнинтар мешавад. Зеро ин дам ба худ кам-кам ранги арғувонӣ гирифта, офтоб мешинад. (144 калима)
Саттор Турсун
11 Воситаи алоқаманд шудани пуркунандаҳоро бо хабар муайян созед.
УМРИ ОДАМ
Дар хиёбони Рӯдакӣ ба ҳамсари як рафиқи дерини худ вохӯрдам, ки ба ду набераи дӯстӯряш даст ба даст меомад. Хушҳол шуда аз ҳамдигар аҳвол пурсидем.
– Мо, ана бибиву набераҳо аз Театри опера ва балет меоем, – гуфт бо табассуми нарм. Ба консерти оркестри камерагӣ барои хурдсолон рафта булем. Бачаҳо хурсанд, худам ҳам...
– Фикри хуб. – дарҳол розӣ шудам ман, дилам беихтиёр гум зада.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё