Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Калимаҳои туфайли ва аъзоҳои истисноии матнро нишон диҳед.
ТАБИАТИ ИНСОН
Одамони табиатан барҷаста дар аксар мавридҳо ниҳоят серталаб, номуросо ва ҳатто, зоҳиран бошад ҳам, сангдиланд. Ҳарчанд ақида, ҷаҳонбинӣ ва рафтору кирдори онҳо ба мардуми дилу нияташ холис мақбуланд, ками дар кам рӯй медиҳад, ки аз ҷониби нафарони тақдирчунбон дастгирӣ ёбанд, афзалияташон лоиқи қадр ва эҳтиром гардад. Ин гуна ашхосро шоиста ба вазифаҳои масъул донанд ҳам, вақте ҳалли мақсад пеш меояд, зимнан касонеро мепазиранд, ки мусовӣ* ба хилқати* худи онҳо мебошанд. Яъне, кам ё беш, дар ҳар сурат хулқи мулоим доранд, суханрав ва замонасозанд.
Охир, барои осуда қарор гирифтан дар паҳлуи инсони барҷаста, дар муомила будан ба ин гуна шахсият лозим аст, ки худ низ одами фавқулодда бошӣ! Дар акси ҳол, фарқи кас зуд ба назар мерасад. Ва албатта, қариб ягон нафари тану ҷонаш ҳанӯз гарм намехоҳад дар муқоиса ба дигаре заиф будани худро мардона иқрор шавад. Чунки инсон ҳоло ҳам аз қайди ҷаҳолат берун нарафтааст. (145 калима)
Саттор Турсун
ЛУҒАТ
мусовӣ -- баробар
хилқат – офариниш, пайдоиш; сохт, фитрат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё