Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
дарахти мевадорро шикаст. Ҳоло ҳам борон меборад, лекин он бешӯру шар, ришта-ришта, гарму нарм. Баски як табақи тиреза кушода аст, аз берун, аз ошхонаи дараш яқин боз, гоҳ-гоҳ садои ба дег бархӯрдани кафгир, ҳамчунин овози дӯсти айёми донишҷӯйии банда Нурмуҳаммад Юсуфӣ меояд, — баъзан вай ба посбони ин даргоҳ, ки одатан вақти таомпазӣ ба таги дег олав мемонад, чанд сухан радду бадал мекунад. Дигар дар сукут аст бӯстонсаро. Фақат аз шохроҳи дур садои пахшӯрдаи мошинҳои дар рафтуо ва аз шохи дарахтон, бо вуҷуди он ки дона-дона борон мерезад, бафосила бошад ҳам, чаҳ-чаҳи мургони хушхон ба гӯш мерасад. (156 калима)
Саттор Турсун
8
Ҷумлаҳоро ба пайвандакдор ва бепайвандак ҷудо кунед.
МАРДИ НЕКНОМ
Бароталӣ соли чилум дар кӯҳистони Бойсун, дар Шаҳидон ном мавзеи ҳамсоя ба деҳаи сернуфуси Пасурхӣ, ки банда дар он ҷо таваллуд ёфтаам, дар оилаи Олимпаҳлавони ӯзбек — як марди аслан хокпош, ба дӯстон ҷонфидо, ба душманон беамон ва аз ин рӯ дар байни мардум баъэтибор... аз модари тоҷик ба дунё меояд. Мактаби миёнаро дар муҳити ҳамон дунёи зебо ба итмом расонда, дар синни ҳабдаҳ роҳи Самаркандро пеш мегирад ва дар донишкадаи кишоварзии он шаҳри бостонӣ нағз имтиҳон супорида, ба омӯхтани касби агрономӣ машғул мешавад.
Акнун ҳаёти ин ҷавони сиёҳҷурдаи ҳушёр, чашмонаш тез, худаш ситорагарм дар бадали панҷ сол, ғайр аз ғағуп, ки агарчи кам набуд, аз дидори падару модар ва ҳусни зодгоҳи азизаш сер намешуд, дар шаҳри ҳам қадим, ҳам азим мегузашт. Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки ё кӯҳи баланд, ё шаҳри азим. Яъне агар ба маҳсул зистан хоҳӣ, ё дар синаи кӯҳсорони босалобат умр ба сар бар, ё дар паноҳи шаҳрҳои бузург... (152 калима)
Саттор Турсун
214

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё