Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
— Охир тез мегузаштааст умри одамӣ. Ба аксбардор рӯ ба рӯ истода, мутаассир фикр мекардам, ки чӣ тавр як маротиба ба бобои инҳо, ба рафиқатон, сиву ҳафт сол муқаддам... маҳз дар бари ҳамон ҳайкал ба сурат афтидем. Дар он айём баҳорон донишҷӯ будем мо, озод будем, баъдтар хонадор шудем. Хулоса, кори зиндагиро бинед — ман он вақт оё метавонистам ҳатто аз дил гузаронам, ки рӯзе расида, айнан дар пеши оҳувони аҳди ҷавониам боз як бори дигар сурат мегиронам? Акнун бо набераҳоям. Агарчи мо ҳама дурӯза меҳмонем дар ин дунёи куҳан, чӣ лаҳзаҳои басурур дорад умри одамӣ! (155 калима)
Саттор Турсун
12
Ҷумлаҳои сода ва мураккаби матнро ҷудо кунед.
ҲАҚИҚАТНИГОРӢ
Нависанда ҳофизаи халқ аст, назари ӯ ба айёми куҳан аст; садои норозӣ будани ӯст аз даъвое, ки бисёр ҳодисоти таърих гӯё ба фаромӯшӣ гирифтор мешуда бошанд.
Ман аминам — дар атрофи мо одамоне ҳастанд, ки тайёранд бе ҳеҷ қолу мақол таърихро ҳатто ба мурофиа кашанд. Мувофиқи дониши андаку ҷаҳонбинии танги худ... Вале онҳо гумон мебаранд — не, ё, аз дониш бархурдоранд, дар ҷаҳонбинӣ ҳам кам нестанд. Аз ин рӯ, ягон чиз бароишон сирре надорад, кулли воқеоти куҳан рӯз барин равшан метобад дар назари эшон. Исёнӣ Муқаннаъ, фоҷеаи Темурмалик, кушторҳои соли 1918 дар Бухоро... умуман ҳам, ҳамааш гӯё аён аст. Таърихомӯзии онҳо алифбо хондани кӯдакро мемонад. Онҳо наметавонанд ҳатто тасаввур кунанд, ки таърих — вай чӣ нав ва чӣ куҳан, сад бор аз каду бар таҳқиқ шуда бошад ҳам, дар худ ҳатман сирре дорад ниҳон. Ва кас агар аз он сир воқиф гаржидан хоҳад, муносибаташ ба таърих бояд кунҷковона ва дар айни замон саршор аз муҳаббат бошад. (156 калима)
Саттор Турсун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё