Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
1
Асосҳои грамматикии ҷумларо номбар кунед.
РАҲОИ АЗ МАРГ
Рӯзе садои даҳшатноки дарранда Мерганро, ки дар кунче паноҳ бурда мехобид, бедор кард. Хирс бо хашм тармаи даҳони ғорро тела медод ва аз омад накардани кораш дам ба дам наъра мекашид. Аз ин ҳаракату ғайрати хирс дар дили Мерган, ки шахси зинда дар гӯр буд, шарораи умед нисбат ба зиндагӣ барқ зад. Хирс қариб як соат бо тарма мубориза бурд ва ниҳоят ғолиб омад: тарма як тараф лағжидан ҳирс берун баромад. Мерган то даме сабр кард, ки хирс аз дами ғор дуртар равад. Ӯ баъд худро бо шаст аз олами зулмот берун заду дурахши офтоб мисли барқ ба чашмонаш бархӯрд. Замину осмон ба ду лаълии оташ табдил ёфта, гавҳараки чашмонаш ба чархзанӣ даромад. Ӯ мисли одами аз ақл бегона саросема ба ағба часпид. Ва афтону хезон то ба пайроҳа баромад, ки лаълиҳои оташбори чашмонаш давр зада-давр зада ба нуқтае табдил ёфт ва дар зулмоти бепоёне, ки пеши назараш парда андохта буд, ғайб зад. (156 калима)
Иноят Насриддин
2
Ҷумлаҳоро ба сода ва мураккаб ҷудо кунед.
ҚУВВАИ ҲОФИЗА
Дарсҳои мадрасаҳои Бухороро, ки талабаҳо дар 18-19 сол хонда тамом мекунанд, ман дар шаш сол хондам, назар ба талабаҳои дигар зиёдтар чизҳо омӯхтам ва баъд аз он дар мутолиаи хонагӣ нишастам. Дар мутолиаи хонагии ман ҳам ҳамеша як муллои хушсаводи арабидон бо хонда шунавондани китобҳои арабӣ ва тоҷикӣ ёрӣ медод. Бо ин кор ҳам чор сол сарф кардам. Дуруст аст, ки ман монандӣ Зарир шоир нашудам, лекин шеърро хоҳ тоҷикӣ бошад, хоҳ арабӣ, хуб мефаҳмидагӣ шудам. Дар ин илмҳо манбаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё