Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

асосии ман Абӯалӣ Сино шуд, ки онҳоро аз худ кардам ва бештарин ҷои онҳо чун Қуръон ба ман ёд шуда монд. Зотан, ман бо як бор ё ду бор шунидан ҳар чизи илмиро ҳарчанд дароз бошад ҳам, аз бар карда метавонистам. Ман, ки дар хурдсолимам Қуръон барин як китоби калонро, бо вуҷуди маъниашро нафаҳмиданам, дар ду сол ёд карда будам, баъди бо чизёдкунӣ варзиш ёфта ба воя расидани қувваи ҳофизаам, ёд кардани чизҳое, ки маъниҳояшро мефаҳмидам, душворӣ намекард. (160 калима)

Садриддин Айнӣ

3

Гӯед, ки аломатҳои китобат дар ҷумлаҳои мураккаб чӣ вазифаро иҷро менамоянд.

КИШОВАРЗӢ

Ба оне ки коҳилӣ ва танпарварӣ накарда, дасти росташ монда шавад бо чапаш, дасти чапаш монда шавад бо росташ мулкро шудгор ва киштукор мекунад, замин фаровонӣ ва қаноатмандӣ оварад, чунонки зани солеҳа ба шавҳараш. Замин ба ӯ бигӯяд: «Эй, он ки маро дасти ростат монда шавад ба дасти чапат, дасти чапат монда шавад бо дасти ростат шудгор ва киштукор мекунӣ! Ман бароят ҳар сол дони фаровон меорам, ба молҳоят хӯроки серӣ медиҳам».

Ин сатрҳо аз қадимтарин китоби оламу одамиён «Авесто» гирифта шудааст, ки он ҳанӯз чандин қарн аз солшумории ҳозира ба гузаштагони мо ба сифати раҳнамо хизмат мекард. Хонандагони муҳтарам боз гумон накунанд, ки мо нияти ба кишвари ғайри, таърихи қадим саёҳат кардан дорем. Не. Мақсад аз овардани ин суханҳо ёдрас кардани он аст, ки кишоварзӣ касбу кори қадимаи тоҷикон аст ва онҳо тӯли бештар аз сеюним ҳазор сол онро ба дараҷаи аъло такмил дода, чун устозони мумтози ин соҳа шинохта шудаанд. (152 калима)

Шафқат Саид

пешина
аз 275
навбатӣ