Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Боқӣ, як марди панҷоҳу панҷсолаи қокиналии сиёҳчурда аз дӯстони дерини мулло Носир буд. Мулло Боқӣ чанд сол бо мулло Носир дар мадраса дар пеши як домулло дарс мегирифтанд. Аммо мулло Боқӣ мадрасаро хатм карда натавонист: падараш аз дунё гузашт, дӯкони саҳҳофии* падараш бесоҳиб монд, ӯ маҷбур шуд мадрасаро тарк карда ба дӯкон шинад ва касби кори падарашро давом диҳад. Аз байн қариб бисту панҷ сол гузашта буд, аммо мулло Носир ин шарики худро ҳамчунон, мисли солҳои шогирдиашон дар мадраса дӯст медошт. Дар вақтҳои фароғат, рӯзҳои ҷумъа баъди намози шом ба дӯкони ӯ омада, аз ҳар дар суҳбат карда «ғубори дилашро мебаровард».

Мулло Боқӣ саводи хуб надошт, аммо шеърро дӯст медошт, шеъри бисёреро аз ёд медонист ва баъзан дар мавридҳои муносиб як-ду байт бадоҳатан ҳам шеър мегуфт. Устои гулдаст буд, аммо барои муқоваҳои нағз чармҳои хубу шерозаҳои олӣ надошт. Лекин аксари китобдӯстҳои шаҳр ва мирзоҳои* хуб чарму чизҳои заруриро худашон ёфта меоварданд. Коре карда дастнависҳои хубашонро ба дасти мулло Боқӣ муқова карда мегирифтанд. (293 калима)

Расул Ҳодизода

ЛУҒАТ

тим – а) корвонсарой; б) бозори болопӯшида

қадокгар ё қадокчӣ — устое, ки зарфҳои чинии шикастаро дуруст мекунад

мирзоҳо – котибҳо, китобнависҳо

саҳҳофӣ – саҳифабандӣ, муқовасозӣ ё ҷилдсозии китоб

пешина
аз 275
навбатӣ