Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
саф-саф шӯшаҳои дарозу кӯтоҳи нӯгтез оро ёфта буданд, ягон-ягон мургакон парида, дар бомгӯшаву нӯги дарахтон нишаста, дилгиру беҳабсала болу пар афшонда, бо начвос пуршиква аз сармуву шояд то фаро расидани шом аз азобу такопӯи ҷустани ризқ менолиданд. Дар дуриҳои чашмрас, домони уфӯқи нилгуну оинавор шаффоф, аз сари шонаи кӯҳҳои Чилдухтарон забонае оташгун лаҳза ба лаҳза аёнтар мешуд ва ранги нафиси гулобӣ ба шерозаи кунгурадори силсилакӯҳҳои шарқ шукӯҳ афзуда, ба алмосрезаҳои бешумори барфӣ бо ҷилову дурахш ҷон мебахшид. Шодӣ аз дагдағаву ҳангомаи бомаром баромадани хуршед ва олами пурвусъати сафедпӯш чашм наканда, моҷарои шармовари дишаба пеши назар, дар нақш мекашид, ки Худо бо тани сиҳату хотири осуда ба рӯзҳои гарму хушк бирасонадаш, дар як ҷои мувофиқи сари роҳи гулӯи Хирсдара барои мусофирон шабхонае месозад. Охир, дуруштиву тундии табиат ва набудани сарпаноҳ дар ин мавзеъ бисёриҳоро бо азоби алим гирифтор, аз ҷони ширин маҳрум мекард.
Соле пеш зане тифли ширхора дар оғӯш, дар чунин як рӯзи сард дар гулӯи Хирсдара аз барфбод роҳгум зада, аз бемадорӣ ба коми ғоре фурӯ рафта лағжид. Пас аз чанд соат, эҳтимол ҳангоми оромии тундбод, гиряи ҷонхароши тифл ба гӯши роҳгузарон мерасад. Ва он инсонҳои нек аммомаҳои* худ тобилаву сар ба сар баста, якеро бо чӣ азобу заҳмат ба ғор медароранд. Вай мебинад: модари ваҳшатзада кайҳо ҷон дода, мисли чӯб шах шудааст, вале тифли парпеч аз сармо кабӯд, дар канори зан талху имдодхоҳона фигон мекашаду почак мезанад... (270 калима)
Абдулҳамид Самад
ЛУҒАТ
аммомаҳо – саллаҳо, дасторҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё