Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҷумлаҳои пуркунанда доштаро аз матн ҷудо карда нависед.

СЕБИ ҲУСНИ ЮСУФ

Дилёб танҳо ҳолатҳои гиҷу гаранг будан худро ба ин гӯшаи орому сокит мекашид. Танҳо як назар афкандан ба вусъати дарае, ки саросар хоку сангаш қабат-қабат сурхи чигарӣ ё зарди ба сафедӣ моил ва ё сабзтобу кабудфом асту аз ду камари он ҷое шабаҳи сиришк, ҷое ҳамсони қатраву ҷӯяи ашк об мезаҳад; ва боз сар то по мармиҷонзори сабзу пуртароват тора-тора, ришта-ришта, банд-банд, ҳамсл-ҳамсл чун кокулони паҳну майдабофи наварӯсон ба нешобағал ва бару дӯшаш афтода, хуша-хуша меваҳои пухтаи сиёҳтоби овезону дилкашаш мисли чамолаки бо марҷонҳои гуногун: сиёҳфом, нилӣ, сурхрангу сабзтоб, ақиқгун ороёфта шукӯҳашро месафзоянд, ба ӯ ҳузуру ҳаловат ва кайфияти хоса мебахшад. Пеш Зарифи Сифат, чанде қабл Азиз низ дар нома аз чашмаи Зарангу мармиҷонзор ёдовар шуданд. Зариф навишта буд, ки шабҳо баъзан пуршукӯҳтарин ҷои деҳа чашмаи Зарангу мармиҷонзори дараи Заргӯшон ба хобаш медарояд. Лекин себе мисли себи ҳусни Юсуфи мо дар ягон гӯшаи дунё намеёбед. Рангаш аз бӯяш хуш асту бӯяш аз ҳусни дилрабояш. Дарахтаки себ дар фарози дара, бо дили пургаҳлука, ки ҳозир ё замони дигар аз беху бун сарнагун меафтам, солҳои сол барои ҳастӣ гӯё реша не, бо чанголу дандон аз лаби ҷар дошта, часпу талош меварзад. Танаву шоҳаш дар ҳаво сарозер муаллақанд ва кас навдаҳои ғарки меваи дарахтро дида, гумон мебарад, ки дар як нафас фурӯ хоҳад афтод. Не, решаҳои ҷонсахту тобовар, ки ба дили хоку санги теша фурӯ рафтаву маҳкам часпидаанд, дар чор фасли сол, айёми барфу сармо ва боду боронҳои мудҳиш сабзишу ҳастии дарахтро таъмин мекунанд. Ва мудом пухтани себи ҳусни Юсуф аз бӯяш ошкор мешавад. Насими шамол бӯеро, ки аз накҳати кулли гиёҳҳо тафовут дорад, ба дуриҳо бурда парешон мекунад. Ва одамони бӯйфаҳм ҳаворо шамида, бӯи онро шинохта, шодиомез мегӯянд: бӯи хуш омад! Себи ҳусни Юсуф пухтааст...

Абдулҳамид Самад

пешина
аз 275
навбатӣ