Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
мегазид ва хаёле ҷони ҳарифашро ба танг оварда буд. Аз қафо боз саги бӯре хез гирифта, қасди ба хирс ҳамла овардан дошт.
Хирси захмин тан намедод. Наъраи ҷонкоҳ дар гулӯ бо сапалҳои бузургу чанголҳои хунолудаш афту дарафт мекард. Пайкараш аз бори сағҳо ҳам хӯрда, чашмони хунгирифтааш аз ғояти дард ва ҳисси интиқом медурахшиданд. Захми тир мадорашро коста бошад ҳам, пайкараш дар иҳотаи ҳарифон чун кундаи устувор меистод. Дар осмони абрпӯш селаи қаргасҳо чарх мезаданд ва гӯё нигарони интиҳои набарди нобаробар буданд, то туъмаи фитодаву захминро нӯши ҷон кунанд.
Мусаввара он қадар манзараи мудҳиш ва фоҷиабори майдони набардро дар худ ғунҷонда буд, ки бо як дидан дар ёди кас нақш мебаст. Дар ин ҷанги нобаробар дасти кӣ боло мешавад, хирси захмин ё галаи сағҳо, аз нигоҳи аввал чизе гуфтан душвор буд. Ман ба мусаввара аз чанд тараф зеҳн мемондам, ҳама лаҳзаҳои часу талоши ногамомро бармекашидам, пайкари ҳамзада, вале ҳанӯз устувори хирсро бо ҳамлаи сағҳо қиёс менамудам. Вале пешгӯй кардани қисмати ҳарифон ҳанӯз басо душвор буд ва интиҳои ҷанги онҳо барои маро муаммои сарбастаро мемонд.
...Хаёле ин мусаввараи хурдакак зиндагиро бо ҳама талхию шириниҳояш дар худ ғунҷонда буду бароям аз маънии ҳаёт ва ҳикмати умри одамӣ сабақ медод. (327 калима)
Бароти Абдураҳмон
20
Аз матн муайянкунандаҳоро ёбед.
ФИҒОНИ ТИФЛ
Ба ҳар поймонӣ зери сумҳои муқтадири асп, ки ёлашро боди сарди субҳгоҳӣ шоназанон пош медод, барфи хушки шабрехта ғарчу гурчкунон ба чор сӯ пош хӯрда, хомӯшии деҳаи Даҳони ғорро барҳам мезад. Аз гаги порисаҳо, ки бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё