Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
сабзпӯш мехамид ва бар дӯши ёлан сералафу аспҳои маст, ... олучаҳои худрӯи ғарқи гул бедареғ мерехту мадор мегирифт.
Офтоб баромад: аввал як порааш тофт, баъд нисфаш намудор гашт ва ниҳоят курси бузургу чашмбараш пардаи нафиси абрро дарида, аз теғаи кӯҳ боло хазид. Аҷабо, дар ду самти осмон, дар сари ду қуллаи дуродури барфпӯш ду курси бузурги ҳаётбахш чун ду паллаи мизон рӯ ба рӯ меистоданду ман аз ин муъҷизаи нотакрори табиати кӯҳистон дар шигифт монда, ба риққат меомадам.
Аз ҳусну тароват ва зебоии кӯҳу теппаҳо чашмамро об дода, ба ҳавлӣ баргаштам. Мусичаҳо дар таги долони дудабастаи мо лонаи мувофиқ мекофтанд. Модарам нӯги қарси сафедашро ба тори сар партофта, ба сукуту солори мардонае дар ошхона меҷӯнбид. (324 калима)
Бароти Абдураҳмон
19
Ҷойи мубтадо ва хабарро дар ҷумлаҳо муайян кунед.
МУСАВВАРА
Аз миёни ғарами рӯзномаву коғазҳо мусавварае андаруни чорчӯба падид омад. Мусаввара чандон калон набуд, рангубори дурушту номавзун, вале манзараи пурфоҷиаву хотирмон дошт. Дар сатҳи пеши мусаввара хирси танҳое чӯлида ба хоку хун дар ҳалқаи сагони шикорӣ часпу талош мекард. Аз захми тираи пешониаш, ки асари тирро мемонд, хун таровида, ба рухсора, буни гардан ва сари синааш мешорид. Гиёҳҳои пахшхӯрдаву хунолуд, хоки ҷо-ҷояш харошида ва ҷасади нимҷони ду саги шикорӣ, ки дар сатҳи қафои мусаввара мехобиданд, аз чанги шадиду нобарор гувоҳӣ медод. Дастаи сагҳо аз пасу пеш ва паҳлуи хирс ҳамла оварда, қасди вайро ба замин пахш кардан доштанд. Хирси нимхези ваҳшатзада саги зарди пешорӯро дар бағал фишурда, миёнашро шикаста буд. Саги сиёҳи шикамаш дарида дар зери пои хирс нӯлаи ҷонқоҳ мекашид. Саги алои паҳлавонҷусса аз пушт як қад хеста баногӯши хирсро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё