Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
ба иззати нафси касе нарасад, ҳам ба гӯянда хандаовар бошаду ҳам ба шунаванда. Ҳазлу шӯхиро аз таҳқиру масхара фарқ бояд кард. Баъзеҳо барои дилхушии яклаҳзагии худ ба нуқсонҳои табиии рафиқашон механданд. Дар натиҷа худашон хурсанд мешаванду рафиқашон хафа. Дар хотир бояд дошт, ки хандаю шодӣ умрро чӣ қадар дароз кунад, хафагию ғам онро ҳамон қадар кӯтоҳ мекунад. Бинобар ин, ёдрас шудан ҷоиз аст, ки умри худро ҳар рӯз чандин бор якчанд дақиқагӣ дароз кардан лозим, лекин аз ҳисоби кам кардани умри дигарон не.
Ҳамдигарро эҳтиёт ва эҳтиром бояд кард. (302 калима) Нозирҷон Боҳирӣ
10 Аз матн ҷумлаҳои яктаркибаро ҷудо карда нависед.
ГУРГИ ЛАНГ
Гурги ланг мавзеи чашмаро паси сар карду яке ба гӯшаш садои табарзанӣ расид. Аввал ҳайрон шуд. Бовариаш наомад. Охир кай дар миёни зимистон ба ин дашт одам меомад, кай? Вақте ки ӯ, гурги ланг ба наздики чормағз расид, пеши назараш сиёҳӣ зад. Ду нафар паси ҳам, ба ягона чормағзи дара, ягона шоҳиди талхиву шириниҳои ҳаёти ӯ табар мезаданд. Гурги ланг ба табарзании онҳо хеле нигоҳ карду хост қафо гардад. Аммо ким-чӣ хел ғурури гурҷона дар замираш ба ғалаён омад. Нахустин маротиба нисбат ба одам нафраташ баланд шуд. Хост ба онҳо дарафтода ҳар дуро пора-пора намояд. Аммо боз аз раъяш гашт. Нахост, ки бо одамизод, бо хокимони дашту хомун сар ба сар шавад.
«О, аз дасти мани ланг чӣ ҳам меояд», андешид ӯ. Гурги ланг хеле нигоҳ карду ба танаш рашъа давид: хуни авлодиаш ба ҷӯш омад. Дар худ нерӯи дигареро, ки лаҳзаҳои ҳуҷум ёраш мегашт, ҳис намуда дандонҳояшро ба ҳам соида ба пеш давид. Пайдошавии гурги ланг чӯпонҳоро моту маҳбут кард. Онҳо, ки чунин ҳодисаро чашмдор набуданд, қафо гурехтанд. Гурги ланг як худро нишон доду хост қафо гашта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё