Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

роҳашро идома диҳад, ки яке овози тир баромад. Тир пои рости гургро сӯрох карда гузашт. Гурги ланг гашташро тез карда, рӯ ба нишеб ниҳод. Ӯ метавонист, ки дар як дам гашта кори онҳоро тамом созад... Дар ҳамин вақт овози тири дуюм, баъд сеюм баланд гашт. Чӯпони дуюм бо навбат аз туфанги думилааш тир холӣ мекард. Гурги ланг дар хуни худ ғарк гашта охирин маротиба бо ҳасрат ба атроф назар афканд. Ҳис кард, ки ҳалқаш месӯзад, месӯзад...

Ҷасади беҷони вай дар шафати чормағзи пире, ки як вақтҳо саробони гурги ланг буд, мехобид. (271 калима)

Маҷид Салим

11

Аз матн ҷумлаҳои дутаркибаро ҷудо карда нависед.

ИНТИЗОРИИ БАРФ

Зимистон бошад ҳам, ду ҳафта боз аз барф нишон набуд. Пештар баъзан каму беш меборид, вале ҳанӯз ба замин нарасида, пагаҳои калон-калони барф ба борон табдил меёфт.

Ҳама интизори барф буданд: ҳам деҳқонон, ҳам кӯдакон ва ҳам замину дарахтон.

Ана, имрӯз ҳаво баъди пешин аз нав тағйир ёфт: дар тӯли чанд дақиқа пеши офтоби хираи зимистонро абрҳои чигдаи хокистарранг гирифтанд ва шамоли хунук бархест. Ва дере нагузашта шамол қарор гирифту бориш сар шуд. Аввал борон махин борид, сипас ба барф табдил ёфт. Тадриҷан рӯи кӯлмакҳои майдону роҳҳо ва оби ҷӯю ҳавзҳо ба мисли каймоки рӯи шир ях бастанд. Дар новаю шифери бомҳо шӯшаҳо пайдо шуданд, ки модарам онҳоро ба қанди «обаки лактон» монанд мекард.

Ман фурсатро ғанимат дониста, ба гараж рафтам ва ба иҷрои муҳими гараж ҳамроҳи Сафоли челонгар тасмачархи кандашудаи тракторро то бегоҳ таъмин кардем. Ният кардам, ки замин шабона нағзакак ях бандад, пагоҳӣ оз шуълори киппаи шонздаҳектара шурӯъ мекунам, зеро

пешина
аз 275
навбатӣ