Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

гиромӣ доштанд. Ба ин нуру гармиро мо имрӯз эҳсос мекунему мебинем.

Бигир аз партави хуршед дастам,
Агар хуршедпо ҳамсоя бошӣ.
Бирав бар роҳи худ, эй марди оҷиз,
Агар худро фақат як соя бошӣ». (297 калима)
Абдулқодири Раҳим

9 Матнро хонед ва навъи ҷумлаҳои онро муайян кунед.

ХАНДА – БАҚОИ УМР

Баъзе бачаҳо чунин мепиндоранд, ки ҳазлу шӯхӣ, ханда хислати одами ҷиддӣ нест. Онҳо, хомӯшӣ, дағалӣ, доимо қошу кавок андохта гаштанро нишони ҷиддият гумон мекунанд. Ин ақидаи ғалат аст. Ба ҷиддияти кас аз намуди зоҳириаш баҳо додан мумкин нест. То чӣ дараҷа ҷиддӣ будани шахс аз кирдору рафтор, аз ҳисси масъулият ва вазифашиносӣ, аз нуқтаи назараш ба ҳаёт ва муносибаташ бо дигарон маълум мешавад. Одами ҷиддӣ пеш аз ҳама он аст, ки қавлаш аз кораш фарқ накунад.

Ҳаётро бе ханда, бе ҳазлу шӯхӣ тасаввур кардан мумкин нест... Мутахассисон исбот кардаанд, ки дар ҳар дафъаи самимона хандидан умри одам якчанд дақиқа зиёд мешавад.
Беҳуда нест, ки дар як мақоли русӣ гуфта мешавад: «Агар хоҳӣ, ки умри дароз бинӣ, кӯшиш кун, ки зуд-зуд аз ханда мурда истӣ». Дар ин ҷо, албатта, аз таҳти дил, самимона хандидан дар назар дошта шудааст. Чунон ки дар забони тоҷикӣ ифодаҳои «хуб хандидан», «аз ханда рӯдакан шудан», «аз ханда мурдан» ва ғайра мавҷуданд. Дар ҳақиқат, баъди ҳар як хандаи хушҳолона баҳри дили одам кушода шуда, рӯҳи кас тоза мегардад. Одам гоҳи ханда хастагӣ, ғаму андӯҳ ва ташвишҳои зиндагиро ба тамоми аз ёд мебарорад, ки худи ҳамин як олам гап аст. Вале ханда аз ханда фарқ дорад.
Ҳазлу шӯхиро бояд тарзе кард, ки ба ҳама баробар хуш ояд,

пешина
аз 275
навбатӣ