Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

БАВСИМИ КИШТ

Гулҳои аввали баҳор канори кӯҳсору чаманзоронро оро медоданд, ба ҳусну ҳусми дигар зам мекарданд. Дил аз ҳусну латофати баҳор меболид, гӯё бо мургони нағмасаро ҳамсадо гардида месуруд, ба монандӣ дарёчаҳои шӯху пурмавҷи кӯҳӣ медамид, метапид, мерақсид. Нодир ҳам чун дигар ҷавонон мафтуни зебоию назокати баҳор шуда, ҳар рӯз пас аз кор бо рафиқонаш гурӯҳ-гурӯҳ ба сайри дашту водии гулпӯш мебаромаданд, ҳар хел бозиҳоро сар мекарданд, медавиданд, меҷахиданд, механдиданд, шодӣ мекарданд, ба рӯи сабзаи навхез ғел мехӯрданд, сари сабзаҳои аз замин нав нешзадаро бо кафи дастон сила мекарданд, чун рухсораи гулрухон бӯй мезаданд, тракторҳо наъра кашида, замин меронданд, замини нарм чун деги дарҷӯш буғ мебаровард, гӯё нафас мегирифт.

Моҳи апрел деҳқонон кишти пахтаро акнун сар мекарданд. Ҷавонони онрӯза аз кору бори деҳқонӣ дар канор набуданд. Ҳамин ки вақти пахтакорӣ, ғалладавӣ барин корҳои саҳроӣ мерасид, ҳар кадомашон ба хоҷагиҳо рафта ёрӣ медоданд, рӯзномаи деворӣ, варақаҳои зарбдор менавиштанд, рӯзнома мехонданд... (148 калима)
Ҳабибулло Назаров

ШАҲР

Ман ноаён аз ҳавлӣ мебароям. Офтоби сари кӯҳ пораи шикастаи нони дастамро мемонад. Ҳарисона лаби нонро мегазам ва мепиндорам, ки дандонҳоям ба тани гарми офтоб халид. Мадоре ба ҷисму ҷонам медавад ва ман чобукона сӯи подароҳ мешитобам.

пешина
аз 275
навбатӣ