Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

гузаштаи вазнинро ба ёд овардан намехостанд. Ман ҳам дар ин бора сухане намегуфтам, мехостам, агар лозим донанд, худашон гап зананд.

Тасодуфан чашмам ба дуторе афтод ва ман пай бурдам, ки дар ин давра кадом як шахси дуторнавоз ҳузур дорад.

Ба меҳмонхона одамони нав медаромаданд. Онҳо аз рӯи
таомули ин ҷойҳо дасти холӣ намеомаданд. Барои ҳурмати
меҳмонон тарбуз, харбуза, гӯшти бирён, табақи пур аз
қурутоб ва дигар хӯрданиҳо меоварданд.

Ҳабибулло Назаров

19 Ҷумлаҳои пуркунандадорро ёбед ва ба зери онҳо хат кашед.

ҚАҲРАМОН

Қатора бо суръат роҳ мепаймуд. Қишлоқҳои сердолу дарахту заминҳои кишт яке аз паси дигаре қафо мемонданд.
Чӯтак сарашро аз тирезаи вагон бароварда, ба манзараҳои дуродур, ки долонро ба хотираш меоварданд, назар медӯхт.

Офтоб майли ғуруб дошт. Қатора гӯё ки ӯро таъқиб мекарда бошанд, ҳуштагкашон дар бисёр истгоҳҳо наистода мегузашт.

Парандагон села-села дар парвоз буданд, яқин ба лонаҳои худ мешитофтанд. Онҳо фардо ва пасфардо ҳам, хулоса, ҳар бегоҳ ба лонаҳои худ рафта, роҳат мекунанд. Аммо Чӯтаку рафиқонаш ҳоло ба тарафе равонанд, ки он ҷо шафақ лолагун аст...

Акнун дар берун ғайр аз мавҷи ситорагон чизи дигареро дидан мумкин набуд, атроф торик. Чароғҳои хира, андаке бошад ҳам, ба вагон равшанӣ медоданд. Чӯтак аз тиреза чашм канда, дар курсичаи рӯ ба рӯи ҳамроҳонаш нишаст.
Вай ба гуфтугӯи онҳо ҳамроҳ намешуд. Сар ба каф ниҳода, ба андеша мерафт, дар хусуси ҷангу ҷангҷӯён меандешид ӯ.

Ҳабибулло Назаров

пешина
аз 275
навбатӣ