Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
17
Мувофиқати хабарро бо мубтадо фаҳмонед.
АДИБИ ЗАҲМАТПИСАНД
Асарҳои Кӯҳзод касро зуд-зуд ба андеша мебаранд. Аз мутолиаи навиштаҳои ӯ нисбат ба одамоне, ки ҳаёти моро догдор мекунанд, дар дили кас нафрат пайдо мешавад. Хонандаи хуб ба мисли қаҳрамонони покназару покнияти адиб барои беҳбудии зиндагӣ роҳи ягона дурустро дарёфта, ба фарди арзандаи ҷамъият табдил мегардад. Ман ҳоло ба сабабе чунин мегӯям, ки навиштаҳои Кӯҳзодро ба диққат хонда, худам гоҳо ба андеша меравам. Ва сидқан мехоҳам, ки минбаъд ӯ дар ҷодаи адабиёт бештар муваффақ шавад, ба қаҳрамонҳои аз мағзи ҳаёт омадаи вай боз суҳбат ороста, зиндагиро беш аз пеш ба чашми ибрат нигарем.
Алҳол ба хонандаи тоҷик қиссаи нави адиб ба унвони «Тақвими раҳгум» тақдим мегардад. Ман дар ин рӯзҳои саид ҳамкасби заҳматписанд ва бародари арҷманди худ Ӯрун Кӯҳзодро, ки ба синни мубораки панҷоҳ қадам ниҳодааст, қатори дӯстон аз самими дил табрик гуфта, ба умрашу эҷодаш баракат орзу дорам. (140 калима)
Саттор Турсун
18 Матнро хонед ва ба зери муайянкунандаҳо хат кашед.
ДАР МЕҲМОНХОНА
Дар берун шамоли сахт вазида, зарраҳои барфро ба ҳар тараф мерӯфт. Дар чунин рӯзи хунук меҳмонхонаи гарму дастархони пур аз нозу неъмат айни муддаост.
Мавзӯи суҳбати мо акнун зуд-зуд тағйир меёфт. Ба ғайр аз замину ҳосил дар хусуси тӯю тамошо ва човандозию паҳлавонӣ ҳам сухан мерафт... Дар меҳмонхона аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам ду-се нафар ҳузур доштанд. Вале онҳо аз ҷанг гап намкушоданд. Мумкин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё