Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Шафақи домани кӯҳ ҳанӯз ҳам ранг мебардошт, хаёле ҳавзи Кавсар хуни офтобро мечабид. Охирин умед дар дилам мемирад: офтоб фурӯ рафт, вале падарам ин бегоҳ ҳам наомад. Ҳаваси рафтан ба шаҳр дар дилам ноаён боло мегирад.
Ман шаҳрро чун хобу хаёли ширин хира-хира мебинам. Дар назарам шаҳр ҷоест пур аз қурсу қандалот, пур аз бозичаву мошинҳои рангоранг, пур аз либосу пойафзоли нав. Иморатҳояш баланду чароғон, сокинонаш хушсару либос ва аз танашон нақҳати форам мехезад. Чун нақҳати форами баҳор, ки фазоро муаттар намуда, ба дилҳо фараҳ мебахшад. Ман шаҳрро надида будам ва аз рӯи нақли падар дар хаёлам меофаридам. (131 калима)
Бароти Абдураҳмон
22
Навъи ибораҳои матнро муайян кунед.
ДАР ҒОРИ ХИРСҲО
Вақте ки санге аз таги пойи Мерган лағжид, ӯ мувозинаашро гум кард. Якбора дарахтони арчаю теғаҳои барфпӯши ағба ва тармаҳои азими он ба рақс даромаданд. Садои ба ҳам бархӯрдани сангҳо ва ниҳоят даҳшати беҷо шудани тарма дараро ба ларза овард. Мерган аз сангу буттаҳо лат хӯрда, ба дари ғори ваҳмангезе афтоду фурсате нагузашта, тармаи аз боло кӯчида ба даҳони ин ғор нишаст. Мерган ҳанӯз аз таъсири ин ҳодисаи ногаҳонӣ, ки дар як мижа задан рӯй дод, ба худ наомада буд. Банди пою китфи росташ ба сӯзиш даромад ва фурсате нагузашта дарди ҷонкоҳро ҳис кард.
Чашмони Мерган ба торикии ҳавлангези ғор, ки ҳавояш ругубатноку бадбӯ буд, оҳиста-оҳиста одат мекард. Ӯ дар пешгоҳи ғор суроби хирсро, ки ба хоби бардавоми зимистона рафта буд, дида ба куҷо афтоданашро пай бурд. Дар ғори хирсҳо барои ӯ шабу рӯз баробар буд. (139 калима)
Иноят Насриддин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё