Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар он вақт мусиқии аз ин беҳтаринро намедонистам. Оҳанги най ва сурудхонӣ барои ман як хел воқеаи бузург буданд. Ҳамсолони ман нақл мекарданд, ки се сол пеш аз ин вақте ки бойи қишлоқ духтари худро ба шавҳар медод, дар тӯй карнай навохта шуда буд. Овози вай баланд ва шиддатнок аст. Ҳамин ки карнай садо медод, овози онро шунида, тамоми аҳолии қишлоқ ҷамъ меомаданд, гӯё вай хабари тӯй ё идро мерасонд. Занон рӯйҳои худро пӯшида, ба болои бому сари деворҳо мебаромаданд. Бачагон ба болои дарахтон баромада, манзараи аҷоибро тамошо мекарданд. Карнай бошад, гӯё кӯҳҳоро ба ларза меовард. (138 калима)
Ҳабибулло Назаров

13
Хабарҳои матнро муайян кунед.

МАВСИМИ ХАЗОН

Аз партави офтоб қуллаҳои баланди кӯҳсорон медурахшиданд. Қишлоқ бедор буд. Сокинони он аз паи кору зиндагӣ шуданд. Подабонҳои қишлоқ молҳои аз ҳар кӯчаю хона ҷамъ омадаро ба саҳро мебурданд. Аммо тааҷҷубовар буд, ки ҳамон рӯз парандагони саҳархез пару болҳояшонро тит карда, гарданҳошонро дарун кашида, чик-ҷиқкунон дар шохаҳои пасти дарахтон ва дар зери порисаи бомҳо ҷамъ меомаданд. Гӯё бадбахтиеро пай бурдаанд. Он рӯз ғубор чун дуди сиёҳ ба фазо печида, оҳиста-оҳиста ранги рӯзро хира менамуд; партави тиллоранги офтоб аз қуллаҳои баланди кӯҳсорон парида, пардаи ғафси туманосои ғубор ҳама ҷоро фаро мегирифт. Шамол торафт сахттар вазида, хокҳои заминро ба хоку хасҳо печонида ба ҳаво мебардошт, хонаҳои қишлоқ аз зери чангу ғубор базӯр менамуданд. Шоҳу навдаҳои тару тозаи дарахтон шикаста, меваҳояш ба замин мерехтанд. Хазон таҳдид мекард.
Гашти рӯз шамол оҳиста-оҳиста суст шуда, чангу ғубор ҳам паст шудан гирифт. (140 калима) Ҳабибулло Назаров

пешина
аз 275
навбатӣ