Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

14
Мубтадо ва хабарҳои матнро ёбед.

БЕМОР

Гашт мекунад рӯзи аввали зимистон. Ва боз... мегузарад соате аз ҳаёти муқаррарии инсон. Чанд лаҳза инҷониб майда-майда борони сард борида, шояд аз камари кӯҳҳои дур нафаси тези барфро меорад. Як марди бинияш барҷастаи қокина, ки ба назар тахминан панҷоҳсола метобад, сараш ба рӯймоли гардӣ маҳкам бастагӣ, кӯрпаи баҷилди вазнинро қариб то таги манаҳаш кашида, дар кати пастаки пеши тиреза хобидааст. Гунаҳои суп-сурхи ӯ бо чашмони кабуди андак чуқураш гӯё бозӣ мекунанд. Яқин ҳарорат дорад мард. Хона чандон гарм не, — дар кунҷи дуртар аз паҳлуи дари дутабақа, дудкашаш берун аз шифт рафта, бухории оҳанин... ба вай фурсате қабл алав мондаанд магар, акнун тафс мегирад.

Мард аз оинаи тиреза, ки домани ҳар ду пардаашро барзадаанд, хаёлманд ба саҳни ҳавлӣ, ба нам-нами якнавохти борон менигарад. Баъд оҳиста паҳлу мегардад. Ва аз байн дақиқае нагузашта, болини таки сарашро болотар тела медиҳад. (140 калима)

Саттор Турсун

15
Ҷойи хабарро дар ҷумлаҳои матн муайян кунед.

АСРОРИ ИНСОН

Дар шаҳру деҳоти Гурҷистон, бахусус дар нишастҳои дӯстона, зуд-зуд ба забон меоранд, ки Парвардигоро, агар парвоз медиҳӣ, парвози уқобона бидеҳ; агар марг медиҳӣ, марги мардона бидеҳ; агар дӯст медиҳӣ, дӯсти вафодор бидеҳ; агар душман медиҳӣ, душмани росткор бидеҳ! Муҳимаш, ба зиёда такрор ёфтан низ дар бади кас намезананд ин суханҳо. Ва гумон мебарам минбаъд ҳам

пешина
аз 275
навбатӣ