Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

11 Мубтадои сода ва тафсили ҷумлаҳои матнро нишон диҳед.

ОФАТИ ТАБИӢ

Боди мавсимӣ хеле барвақт сар шуд ва бениҳоят шиддатнок буд. Нуҳ шабу нуҳ рӯз давом кард. Нуҳ шабу нуҳ рӯз беист селборон борид. Оби борон бомҳоро сӯрох карда ба хонаҳо мерехт, дару деворҳоро меғалтонд, соҳилҳоро хароб мекард, кишту кори деҳқононро барбод медод.
Тамоми ин муддат одамон аз хонаҳо баромада наметавонистанд. Мо, ҳиндустониҳо, ки чӣ будани ҷангҳои шадидро аз китобу кино медонем, он нуҳ шабонарӯзро, ки бод ваҳшиёна мевазид, селборон беист меборид ва раъду барк ҳар он меғурриду замину замонро меларзонд, шадидтарин ҷанг номидем.

Рӯзи даҳум оромӣ барқарор шуд. Одамон пеш аз ҳама ба сӯи киштзор давиданд. Ба ҷои киштзор харобазоре диданд.
На шолӣ буд, на карам ва на гандуме — ҳама нобуд шуда буд.

Тамоми деҳаро мотам фаро гирифт.

Ғами рӯзгорро хӯрдан лозим буд. Ҳамдеҳагонам барои харидани биринҷу ғалла ба назди дӯкондорон мешитофтанд.
Лекин дӯконҳо маҳкам буданд. (138 калима)

Мирсаид Миршакар

12
Мубтадоҳоро аз ҷиҳати сохт эзоҳ диҳед.

САДОИ КАРНАЙ

Модаговҳо ва гӯсфандони мо ба ҳар тараф пароканда мешаванд, мо бошем, сари чашма нишаста, ба оби софи нуқрамонанд, ки аз рӯи себаргазорон ғалт хӯрда, чун қатраи шабнами саҳарӣ ба поён ҷорӣ мешавад, назора мекардем, дилу дида лаззатгири он манзараҳои фарахбахш мегардидем.

пешина
аз 275
навбатӣ