Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
ки мардуми гулбози ин ҷо тартиб додаанд ва дар он гулзорҳо гулҳои садбарг, ҷаъфарӣ, нозбӯ ва ғайра шукуфтаанд, напурсед ҳам мешавад. Онҳоро дидан ва аз бӯи масткунандаи онҳо шамидан лозим аст.
Имрӯзҳо офтоб аз хобгоҳаш барвақттар мебарояд. Дар соати шаши аввали рӯз аввалин шуълаҳои сурхчатоби он нӯги дарахтонро гулгун мекунанд. Хусусан ки дарахтони пур аз гул ба муқобили офтоб мисли арӯсони ороста ва пироста ҷилва доранд. Қатраҳои шабнам дар барги гулҳо ва сабзаҳо мисли алмоспораҳо медурахшанд... (139 калима)
Ҷалол Икромӣ
10
Аз матн мубтадоро ёбед.
ҚАДРИ ЭҶОД
Солҳо мегузаштанд. Шуҳрати Ҳофиз оламгир шуд. Ҳатто баъзеҳо сурудҳои Ҳофизро ғалат-ғалат хонда, аз он ба тарзи худ «лаззат» мебурданд. Нақл мекунанд, ки рӯзе Ҳофиз аз роҳе мегузашт ва мардеро дид, ки хишт мерезад ва шеърҳои ӯро замзама мекунад. Аммо ягон мисраъро дуруст намехонад. Ҳофиз ҳам роҳро монда, аз болои хиштҳои ӯ гузашт, ҳамаро вайрон кардан гирифт. Хиштрез аз ин огоҳ шуда, ба ғазаб гиребони Ҳофизро гирифта:
— Мардак, магар девона шудӣ, ки хиштҳои бо арақи ҷабин рехтаи маро вайрон мекунӣ? — гуфт.
Ҳофиз бо оҳистагӣ ҷавоб дод:
— Ту, аблаҳ, магар ақлатро хӯрдаӣ, ки шеърҳои бо хуни ҷигар навиштаи маро ғалат мехонӣ, оё инсоф надорӣ?
Баробари шунидани ин сухан дасти марди хиштрез суст шуду дар тааҷҷуб афтод, ки гӯяндаи он шеърҳо чунин одами хоксор ва оддӣ будааст. Замоне ӯ худро хушбахттарин одам ҳисоб кард ва вохӯрии худро бо Ҳофиз фоли неки зиндагонӣ донист. (140 калима)
Аълохон Афсаҳзод

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё