Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Мавқеи пайвандакҳоро шарҳ диҳед.

АБАРМАРДИ ИЛМУ АДАБ

«Мирзо Турсунзода бузургтарин шоир ва машҳуртарин тоҷик буд». Ин баҳои ҷавонмардонаи шоир Қайсин Кулиев ба устоди зиндаёд аст. Оре, устод ҳамрадифи абармардони илму адаб ва фозилони замон буд, балки аз рӯи вазифаю масъулият корвонкашу машъалбардори ҳаракати сулҳу истиқлолхоҳӣ дар саросари Осиёву Африқо ба шумор мерафт: ҳар ҷое ҳозир мешуд, хуштарин пазироиро шарафёб гардида, ба қавле рӯи даст мегардондандаш. Ва ҳангоме аз минбари бузургтарин кунгураҳои дунё аз ҷониби як мамлакати бузург овози марғуладори ӯ аз хусуси озодӣ, инсоф, меҳру шафқат, зарурати халқҳои мустамлика баланд мешуд ва дар байни ин суханҳои пурҳарорат ӯ калимаи тоҷик ё панду андарзеро аз классикони адабиётамон ба забон оварда, аз фазилату хирад ё фалсафай озодманишиву инсонпарваронаи онҳо ёд мекард, сари мо аз ифтихор ба осмон мерасид. Охир, ҳар тоҷики худогоҳ ҳақ дошт, ифтихору шукр бикунад, ки миллаташ чунин фарзанди боҳирад, гарданфароз, шердилу тавоно дорад ва ӯ байни намояндагони давлатҳои абарқудрат бо ҷилои истеъдоду заковат, бо ҷасорати нангу ори беамсол гули сари сабад аст, анъана ва маслаки куҳани башардӯстонаи нобиғаҳои илму адаби тоҷикро идома дода, барои аз асорату разолат раҳидани мазлумони олам талош меварзад. Воқеан он замон на ҳар каси соҳибмансаб ҷуръати аз минбарҳои баланд бо ифтихор аз бартарии хираду фарҳанги зотии хеш ҳарф заданро дошт. Панҷаи пурнашри сиёсат ин падидаро бераҳмона буғӣ мекард ва тамғаи сӯзоне аз қабили миллатгароиву куҳнапарастӣ гӯяндаро таҳдид мекард.

Абдулҳамид Самад

пешина
аз 275
навбатӣ