Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
новадони чӯби пур, фазои роҳатбахш ва рӯҳнавозеро эҳсос мекунад. (208 калима)
Абдулҳамид Самад
23 Аз матн ҷумлаҳои яктаркиба ва дутаркибаро ёбед.
САФАРИ НАҚБИ ИСТИҚЛОЛ
Нимаи моҳи май. Ҳавои пойтахт бедимоғ аст: абру боду ҷо-ҷо борон. Бо гурӯҳе аз масъулин ва ҳунармандони Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳи нақби Анзобро пеш гирифтем. Ӯрун Кӯҳзод, Зиё Абдулло, Бахтиёр Муртазоев, Муҳаммад Ғоиб ва ҳунармандони шинохта Файзалӣ Ҳасанов, Чиллахон Холов, Бунафшаи Муқим, инчунин гурӯҳи ширинкори «Лаҳзаҳои гуворо» ба ҳайат шомиланд. Авҷи баҳор. Қад-кади рӯди хурӯшони Варзоб аз ҳавои тозаву муаттар нафас кашидан ва дар ҳар гардиш талу теппа ва кӯҳсорони ҷомасабзу гул ба домонро тамошо кардан, бешубҳа аз нишастан дар кунҷи, ба қавле, кафтархонаҳо ҳаловатбахшу нишотангез аст. Ба ростӣ, кӯҳҳои Варзобдара ба чашм шаҳу арӯси ороставу перостаи бар ба барро мемонанд. Шаҳе, ки ҷомаи беқасаби ҳафтранг ба тан, салаи сафед ба сару фаши пурмавҷ овезон, паҳлуи арӯси нозанину рангинкабо ва гулдомон бо виқор истода; нағмаҳои довудии обшорон бо хониши мурғон печида ҳамнаво мешаванд, на танҳо олами набобот, балки сангҳо низ аз нафаси нарму афсункори ҷонбахши баҳор гуле ба сару бар доранд. Ва тармаҳои азими бари роҳ ва дар нишебию кунҷи дараҳо шабеҳи хирси сафед хуфта, шаҳҳои овезони асрорангез ва бимнок, рӯдхонаҳои хурӯшон, ҷангалаку ҳар бутта ва боз ҷо-ҷо навҷавонони бандҳои чукриву гул ба даст, ба ин гӯшаи биҳиштосои меҳан чи қадар хусну шукӯҳ меафзоянд.
Сари пули рӯди Майҳура роҳ ҷониби гарданаи Шутур ҷудо шуд. Ин дара бо манзараҳояш ба ман ношинос аст. Бори аввал ба ин сӯ меоям. (225 калима)
Абдулҳамид Самад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё