Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
омад ва болҳояшро нӯл зада, онҳоро ба тартиб даровардан гирифт.
Аммо ба фароштурук муяссар нашуд, ки ин кори муҳими худро то охир давом диҳад. Вай ногоҳ аз ҳаракат бозистода, пойҷаи нозукашро ба синааш пахш намуд ва сари худро ба канор гардонда, чашмони сиёҳи дурахшонашро ба пайраҳаи борики печон дӯхт. Вай каме гӯш карда истод. Пас, ба наздик шудани хатаре боварӣ пайдо карда, ба ҳаво парвоз намуд ва зуд аз назар нопадид шуд. (226 калима)
Пӯлод Толис
17
Вазифаи пайвандакҳоро дар матн эзоҳ диҳед.
ДИЛБОХТАИ ЗИНДАГИ
Ба набзи адиби тавонои мо - Сотим Улуғзода ҳар лаҳзаи ҳаёт бо ҳама неку бадаш чӯр омада, вайро чун марди қаҳрамон, ҳатто бо таҳаммули шоҳона истиқбол мегирифт. Ҳаргиз рӯҳафтода намешуд. Эҳтимол аз ҳамин сабаб буд, ки қариб дар кулли навиштаҳояш талотуми аспрезу наъраи паҳлавонон, зарбаи гурзи ҳафтҷӯшу парвози тири камон ва чақочаки шамшеру синон то алҳол ба ҳар оҳанг садо медиҳанд.
Пас аз синни ҳафтод, шояд қабл аз ин ҳам дар бадали солҳои тӯлонии машғулият ба эҷод, устод Сотим Улуғзода суҳбати худро дар манзилаш воқеъ дар пушти беморхонаи Қарияи Боло, дар муҳити раф-раф китобҳову мизи бисёр ошнои корӣ ба худованди шеъри форсу тоҷик Фирдавсии Хуросонӣ қатъ намекард. Вай, ки аҳли Оли Сомонро ба таҳқиқ гирифта, ба минбаъда фарҳанги миллат то ибтидои асри бист бо таҳқиқу таҳлил нигариста, чи тавассути мақолаҳои илмиву асарҳо барои саҳнаи театр ва навори кино, чи ба воситаи насри бақуввату публитсистикаи чаррор оламиёнро бо ҳаёт, фаъолият ва маҳсули истеъдоди Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Шайх Саъдӣ, Носири Хусрав, Аҳмади Дониш ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё