Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

бо нӯги он бехаёлона ба замин хат мекашид, нуктаҳо меканд ва боз он хат ва нуктаҳои качу килебро вайрон мекард; гоҳо аз ҷояш хеста ба тарафи як хонаводае, ки дар он наздикӣ буд, чашм меандохт ва боз ба ҷояш нишаста ба хаткашӣ машғул мешуд ва худ ба худ мегуфт: «магар инҳо имрӯз об намехӯранд, ки ҳанӯз ба обкашӣ намеоянд...» (232 калима)
Садриддин Айнӣ

ЛУҒАТ

кочол - асбобу анҷоми рӯзгор
сокул - банд, машғул

16 Аз матн пешояндҳоро ёфта, аз ҷиҳати сохт шарҳ диҳед.

ФАРОШТУРУК

Офтоби пагоҳӣ ба сари сафедорҳои сарбаланд шил-шилаҳои заррин овехт. Нурҳои офтоб ба гирду атроф барқвор паҳн мешуданд ва ҳамаро ҷоннок ва серҳаракат мекарданд.

Нокҳои қоматболои сархам гӯё аз чизе шарм дошта бошанд, сурх шуданд. Тумани ширтоби тунук ба анҷом ёфтани умри кӯтоҳи худ боварӣ ҳосил карда, домони худро аз канор ба миёнҷои дарё кашид, вале нурҳои шамшервор тези офтоб зуд ба сари ӯ рафта расиданд ва пас аз лаҳзае аз гуман осоре ҳам боқӣ намонд.

Насими тоза бархост ва буттаву дарахтон аз кокулҳои худ марворидҳои шаффофи шабнамиро афшонда-афшонда ба ҳамдигар пичирросзанон суҳбат сар карданд, гӯё хобҳои имшабаашонро ба якдигар ҳикоя мекарданд.

Аз ким-куҷо фароштуруке пайдо шуд. Вай дар болои ин дарё ин тараф-он тараф парвоз кардан гирифт. Фароштурук пирвор поён мефуромад ва болҳои худро аз об тар карда, боз боло мерафт. Парранда пас аз каме бозӣ ба канор, ба рӯи санги суфта, ки сари худро аз об бароварда меистод, фуруд

пешина
аз 275
навбатӣ