Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
ғайра нобиғаҳо шинос карда буд, инак мехост рӯзгори пурфоҷиаи муаллифи «Шоҳнома»-и безавосро ба саҳифаҳои як романи ба шахсияти шоир муносиб кашад. Ва устодона кашид! Барои ин амри сангинро ба ҷо овардан лозим буд, ки ӯ дилбохтаи зиндагӣ бошад; мебоист заъфи пириро мағлуб сохта, ҳар соати умри боқиро ба ҳукми худ тобеъ гардонад. (219 калима)
Саттор Турсун
18
Сохти пешояндҳои матнро шарҳ диҳед.
СЕ ТАН
Акнун се тан будем. Сагча дар рӯи хона давида мегаштагӣ шуд. Шикамаш сер шуд, дар лаби оташдон чашмонашро пӯшида фих-фихкунон хоб мекард. Аммо баррача ба по рост меистоду мадори гаштан надошт, фақат баъд аз се-чор рӯзи дигар ҷонноктар шуд. Сагча аз ҳамон рӯзҳо сар карда, думчаи борикашро ҷунбонда, ба атрофи ӯ хез зада бозӣ мекард. Баррачаи лоғар дар он рӯзҳо тамоман майли бозӣ надошт, сараш мекалавид, ӯ бисёр хафа менамуд. Чашмони нимкофи камнураш аз ҳолати маҳзунонаи ӯ шаҳодат медоданд.
Имро дида, ман худ ба худ мегуфтам: — Сарсахт модарашро ёд кардааст, модар мекобад.
Акнун рӯзгори мо калон шуд, ташвиш зиёд шуд, хурсандии ҳам бепоён буд. Сагҷаю баррачаи ман рӯз то рӯз ҷон гирифта, бақувват мешуданд. Фасли баҳор дар пеш буд, рӯзҳо торафт гармтар мешуданд. Аз офтобу борони гарми баҳорон сабзаҳо медамиданд. Акнун молҳо баҳузур аз алафи саҳро сер мешуданд.
Сагча бемалол ба пои худаш роҳ мерафтагӣ шуд, бозикунон ба баррача мечаспид, ба болон ӯ хез зада ӯро меафтонид. Бинобар он баррачаро халос карда, ба бағалам меандохтам. Сагча бошад, аз ин «рашк» бурда, ав-авкунон аз пасам мелавид, аз доманам газида кашола мекард, ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё