Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

зардшуда атрофшон ба машом мерасид. Садои хониши булбулон ва қаҳ-қаҳи кабкони кӯҳсор дигар шунида намешуд, онҳо хомӯш буданд. Фақат садои малахҳои чирчирак ва баъзе ҳашаротҳои дигари даштие, ки рӯзона дар буттаҳо қарор буда, шабона ба ҳаракат месомаданд, шунида мешуд. Ман, гӯё ки посбон гузошта шуда бошам, чашми худро ба пайраҳаҳо дӯхта, гӯш ба суханҳои калонсолон медодам ва ҳикояҳои аҷоиби онҳоро ба завқи тамом мешунидам. (130 калима)

Ҳабибулло Назаров

16
Навъи ҷонишинҳои матнро муайян кунед.

САВОРАИ НОШИНОС

Осмонро абри тунуки хокистарранг пардапӯш карда буд. Ситораҳо дар ҳар гӯшаи осмон тоқа-тоқа хиратоб чашмак мезаданд. Шаб торику ором буд, шамоли суст мевазид. Шахси қоматбаланд аз дарвозаи калони дутабақа, ки бобору бандаш медаромад, берун омада, ба ҳар сӯ назар меандохт. Аз паси вай саворае баромада, сари аспро ба тарафи чап гардонд. Пиёда дар ҷилави вай зуд-зуд қадам гузошта ба пасу пеш нигоҳ мекард. Онҳо аз паҳлуи девор роҳ мерафтанд, тангкӯча хомӯш буд, фақат шир-шири оби ҷӯйбору садои пасти суми асп, ки дар замини мулоими намнок қадам мегузошт, ба гӯш мерасид.

Дар равшании моҳтобе, ки як дақиқа аз зери пардаи абр намоён шуд, узангуи нуқрагини савора аз шуои моҳтоб барқ зад. Вале ҳамон лаҳза рӯи моҳро абрпораи даргузар пӯшонд ва дар тангкӯча торикӣ ҳукмфармо шуд. (126 калима)

Ҳабибулло Назаров

пешина
аз 275
навбатӣ