Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

инчунин аз дасти расму одат ва хурофот низ азобҳо мекашиданд. Дар ин роҳ бисёр Одинаҳо, Шарифҳо, бисёр Шоҳмирзоҳо, бисёр Сангинҳо, бисёр Гулбибиҳо бисёр Бибионшаҳо ва бисёр Гуландомҳо фидо ва қурбон гардиданд.

Агарчи инқилоби соли 1920 Бухоро ҳукумати амиронро аз сари онҳо бардошт, аммо барои пойдор кардани озодӣ чандин соли дигар муборизаи хунин давом кард.

Қавми тоҷик аз ҳуҷуми босмачиён, ки фарзандони баркамоли амири охирини Бухоро ва дастпарвардаҳои ҷаҳонгирони хориҷ буданд, харобиҳоро дид, ки монандашро таърих кам нишон медиҳад. (130 калима)

Садриддин Айнӣ

13

Тобишҳои маъноии пешоянди аз-ро шарҳ дода, шаклҳои гуногуни онро дар назм номбар кунед.

ТУТЗОР

Асп рӯ ба сӯи деҳаҳои таги кӯҳ роҳро убур карда, аз маркази ноҳия дуртар мешуд. Аз шавқи дидани манзараҳои ошно ғомзанияш дигар мешуд. Аз бари чашмае, ки як вақтҳо дар назди он мактаби ҳисобчиён буд, гузашта худро ба роҳи қади хами дароз гирифт. Торик нашуда худро дар пуштаи Дӯстибахши шинос гирифт. Тутзор, ки аз ҳама деҳаҳо баланд, дар таги кӯҳ ҷойгир буд, аз таҳдашт хубтар метофт. Шом дертар чодари сиёҳи шабро ба сари ин деҳа мепартофт. Хонаҳои пасту баландаш дар рӯи теппаҳо тифлаконеро ба хотир меоварданд, ки ба пуштораю китфи падари хеш баромада роҳат мекарданд. Ҳангоми даромадгоҳи роҳи қади хам ворид шудани саманд тутзор ҳам гоҳ ба чашм метофту гоҳ не. Танҳо ҷинорҳои сар ба фалак, ки дар миёнҷои деҳа буданд, аз пушти теппаҳо ҳамчун дидбонҳо ба назар менамуданд. (129 калима)

Муҳаммад Ғоиб

пешина
аз 275
навбатӣ