Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
носозгор тан додаву дигаре ба ноҳақиву ноадолатиҳо ҳанӯз талош дорад. Ва ҳар кас дар пораи қоғази беҷон ба дарди худ мегиряд.
Чашмам ба рӯи сатрҳо медаваду беихтиёр Ларзидани даст, тапидани дил, гиряи беовози дар гулӯ печида ва рашъаи андоми соҳибашро эҳсос мекунам. Дилам месӯзад, фурсате андоми соҳибашро эҳсос мекунам. Дилам месӯзад, фурсате ба хаёл рафта, аз қисмати каси ношинос андеша меронам. (124 калима)
Бароти Абдураҳмон
7
Пайвандакҳои пайвасткунанда ва тобеъкунандаро аз матн ёбед.
БАХТ
Табиист, ки бахтро ҳар кас ҳар хел мефаҳмад. Вобаста ба маишати ҳаррӯза, вобаста ба дахлу харҷ, вобаста ба нияту орзуҳо, ниҳоят ва аз ҳама муҳимтараш, вобаста ба кайфияти рӯҳияш мефаҳмаду баҳо медиҳад. Ин ҷустуҷӯи нав нест, баҳо додан ба он низ нав нест, хато кардан ҳам. Баъд, худи бахт як чизи ба киса меандохтагӣ нест, ки як бор ёбиву дигар гум накунӣ. Дар атрофи ин масъала баҳсу муҳокимаҳо кардан худ як оҳани сард кӯфтан барин гап ҳаст...
Бахт, чизи калон, чизи яклухт, замин барин саховатманд ва офтоб барин нурафшон аст. Бахт одамро намеёбад, балки одам дар ҷустуҷӯи бахт мегардад ва одами хушбахт он аст, ки як умр ҳалол зистааст. Одами хушбахт он аст, ки бо миннат ва дасти касе нон нахӯрдаасту дар ҳеҷ куҷо шарафи одами худро ба дасти таҳқир надодааст. (130 калима)
Ӯрун Кӯҳзод

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё