Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

НИДО БА СӮИ ВАТАН

– Эй ватани азизи ман, ки модари ҳақиқии ман мебошӣ, зудтар маро ба оғӯши марҳамати худ каш! Модари ҷисмонии ман маро зоида бошад, ту маро парвариш карда расондай! Модари ҷисмониам маро зоида, барои ба балоҳо гирифтор шудани ман сабаб шуда бошад, ту маро ва монандӣ ман фарзандҳоятро аз балоҳо халос карда, тарбия карда расонда истодай! Ман то ҷон дар бадан дорам, аз хизмати ту сар наметобам ва агар лозим шавад, сарамро, танамро, ҷонамро дар роҳи ту фидо мекунам!... Ҳайфо, ки ман ҳоло оббозиро намедонам, то ки ин дарёи пурмавҷро бурида гузашта, ба хоки муқаддаси ту бӯса занам; афсӯс, ки ман парандагон барин болу пар надорам, то ки аз болои ин оби беамон парида гузашта, насими рӯҳафзои туро то сер шудан фурӯ кашида, захираи зиндагонии худ кунам... (125 калима)

Садриддин Айнӣ

ҲАКИМ ФИРДАВСӢ

Фирдавсӣ хомӯшу малӯл боргоҳи ҳокимро тарк кард. Баъди рафтани вай ҳоким мунширо талабид ва аз қуттича мактуби ба номи Унсурӣ нависондашударо бароварда дар ҳошияи он суханони зеринро изофа кунонд: «Ба ин ҷо аз Тус шоири пире Абулқосим Фирдавсӣ омада ва мегӯяд ба шаст ҳазор байт «Шоҳнома» назм кардам ва мехоҳам ба Ғазнӣ биравам ва ба аълоҳазрати султон гузаронам».

Дар бомдод ӯ як нафар навкари содиқашро ба ин нома бар аспи тезтаке нишонда ба роҳи Ғазнӣ давонд. Навкар мувофиқи фармон мебоист дар роҳ агар ба корвони амир

пешина
аз 275
навбатӣ