Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
шинохтанашаванда обод гашта истодааст. Вазифаи ҳар яке мо ба ин ободӣ зам кардан аст.
Ӯ сухан мекард, пеши назарам симои ӯ боз ҳам бардамтару маҳкамтар софтару нуронитар ҷилватар мешуд.
Зиҳӣ табиатзодаи асил, марди кор, акои Маҳкамбой!
Шукруллоев З.
дӯст ва шарикдарси М. Ҷӯраев
ХОТИРОТИ ҶАВОНИ
Ман, бо Маҳкамбой Ҷӯраев аз синни хурдӣ ошноӣ дорам. Хислатҳои ҳамидаи хоксорӣ, фурӯтанӣ ва ҷавонмардии Маҳкамбой ҳамеша бо мо дӯстон писанд буд. Маҳкамбой, ки аз хурдӣ бо меҳнати ҳалолу накӯкорӣ одат карда буд ва ӯ тавонист баъди хатми мактаби миёна низ миёни дӯстону пайвандонаш соҳибэҳтиром гардад.
Ӯ айёми дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент таҳсил карданаш, тавонист нозукиҳои касби интихобкардаашро пурра аз худ намояд. Вале тамоми ин давра ҳушу ёди Маҳкамбой ба замин, табиат, ҷангалу наботот банд буд. Бисёр мехост, ки дар оғӯши ҷангал бошад ва нигоҳубину парвариши ниҳолҳоро ба уҳда дошта бошад. Ин орзуву ниятҳои ҷавонӣ оқибат Маҳкамбойро ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё