Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Маҳкамбой пеши назарам меояд. Соли 1993 буд. Даргириву муноқишаҳои шадид дар кишвар оғоз гардида буданд. Боғи «Ғалаба» низ аз касофати ин кашмакашиҳо макони ҳаргуна гурӯҳҳои яроқнок гардида буд. Мардум аз ин бесарусомониҳо истифода бурда даст ба нобудсозии табиат заданд. Аз камчинии ҳезум дарахтони бо хуни дил парваридаро бераҳмона решакан менамуданд. Он рӯзҳо чеҳраи тирагаштаву ғамолуди Маҳкамбой аз пеши назарам дур намегардад. Гӯё табаре, ки ба дарахте мезаданд ба ҷисми ӯ кора мекард. Бо сӯзу гудоз ба ниҳолакони нагунгашта менигаристу месӯхт. Наметавонист ашки чашмони худро аз марги дарахтони чун фарзанд парварида боздорад. Вале илоҷе надошт. Замона нозук буд.

Хушбахтона ҳамааш паси сар шуд. Бо саъю талошҳои беҳтарин фарзонамардони миллат бо сарварии фарзанди сарсупурда Э.Ш. Раҳмонов зиндагӣ ба маҷрои хеш баргашт.

Чанде пеш бо акои Маҳкамбой вохӯрдам, чеҳраи болида дошт. Гӯё рӯз аз рӯз ҷавонтар гашта буд. Баробари вохӯрӣ чун 20 сол пеш бо шуру ҳаяҷон аз нақшаю тадбирҳо сухан оғоз намуд.

Имрӯз мо бояд шукри тинҷию ороми, шукри сарвари давлатамон кунем. Эмомалӣ Раҳмонов худ, ки фарзанди асили табиат аст, ободу зебокории табиат, эҳёи ҷангалзорҳоро вазифаи аввалиндараҷа медонад - мегуфт ӯ. Имрӯзҳо боғи «Ғалаба» ва хоҷагии ҷангали «Қамчин» ба таври

пешина
аз 82
навбатӣ