Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

буд, раҳсипор шудем.

Баробари вориди ҳавлии он кас шудан маро як ҳолати ҳаловатбахше фаро гирифт. Гулу гулзор, дарахтони гуногуни мевадиҳандаю ороишӣ, ки бо як усули моҳирона саросари ҳавлиро иҳота намуда буданд, касро ба ҳайрат меовард. Чеҳраи кушоду аҳволпурсии самимонаи соҳибхона, ки гӯё солиёни зиёде бо ту ошност ин зебогиро дучанд месохт. Маҳкамбой моро сари дастурхон даъват намуда, сӯҳбати мо якбора қӯр гирифт. Ӯ бо як эҳсосу ҳаяҷон оиди зебогиҳои табиат, ҳифзу афзуншавии сарватҳои он, нақшҳои ояндаи ҷангали «Қамчиқ» сухан мегуфт. Аён буд, ки дар мағз-мағзи дилу ҷони ин марди шариф меҳри табиат реша давонидааст. Он вақт ман ҳатто тасаввур намекардам, ки баъди чандин солҳо мо ҳамкасб мешавему дар як ришта фаъолият хоҳем намуд.

Ҳамин тариқ, шиносоии мо бо ин асилмард оғоз ёфт. Солҳои донишҷӯӣ ӯ моро пайваста таъкид менамуд, ки ҳар ҳафта меҳмони хонаи ӯ шавем. Боду ҳавои тоза, табиати дилфириб ба Шумо рӯҳу илҳоми тоза ато мекунад - мегуфт ӯ. Бештар омада дар ин ҷо сабақаҳои худро аз худ намоед. Солҳои донишҷӯӣ низ паси сар гаштанд. Ҳар як вохӯриву дидор бо Маҳкамбой рости як қиссае мебошад, ки гуфтану навиштани онҳо аз имкон берун аст. Вале дар тасаввури ман ӯ ҳамчун марди покниҳод ва дилдодаи пешаи худ ҷой гирифт.

Лаҳзаи дигари риққатоваре аз рӯзгори

пешина
аз 82
навбатӣ