Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

дароз мекард, падараш бо ифтихор Маҳкамро ҳамду сано гуфта, дуои нек медод.

  • Кам нашав, писарам! Бигузор дар зиндагӣ дасти камро набинӣ. Соли 1961 вақте ки Маҳками ҷавонро ба хизмати аскарӣ даъват карданд, падар машғули кори саҳро буд. Ӯ аз корҳои хоҷагӣ фориғ гашта бо қалби ошуфтаю вазнин хона баргашт. Ҳамин, ки вориди даҳлез шуд, зуд тарҳи рӯяш дигар шуд. Худро хурсанд вонамуд карда нахост, ки фарзандон мондашавиашро ҳис кунанд. Зеро амаки Ҷӯрабой як одат дошт, ки доим заҳмату ранҷ мекашиду бедорхобӣ. Ягон корро дар нимароҳ намемонд. Дар маъракаҳо бошад худашро хурсанду беғам мегирифт, то одамон гумон накунанд, ки Ҷӯрабой монда шудааст, зеро ӯ асло истироҳату фароғатро намеписандид. Ҷои мард, ақида дошт амаки Ҷӯрабой, дар саҳро, ҷабҳаи меҳнату корузор аст.

Вай ба хизмати аскарӣ даъват шудани писарашро ҳам медонист ва нигоҳи меҳрубонашро аз Маҳкам намеканд, таги дилаш шод буд, ки фарзанди дилбандаш калону муҳофизи ватан шудааст. Вай Маҳкамро дар паҳлӯяш шинонда, бо меҳру дилсӯзӣ гуфт:

  • Акнун чашми умеду орзуям ба шумо ҳаст, писарам. Тақдири ояндаи модарату додаронатро фикр кун. Дар зиндагӣ мард бош. Акнун, ки марди калон шудай, ба халқу ватан хизмати нағз кун.
пешина
аз 82
навбатӣ