Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

чашм намекананд.

Ҳоло ҳам акаи Маҳкам ба ин мӯъҷизаи табиат ангушти ҳайрат газида, таъкид месозад, ки насли имрӯза бояд ба қадри чунин шоҳкориҳои табиат бирасанд, нагузоранд, ки табиат, сарвати бебаҳои он чашмаю рӯдҳо, ниҳолу наботот хароб гардад...

Инсондӯстӣ, ба қадри неъматҳои табиат расиданро Маҳкам ҳанӯз аз айёми ҷавонӣ аз падари бузургвораш омӯхтааст.

Маҳз ҳидояту панди падар буд, ки ӯ меҳри касбашро дар дил ҷой карда беш аз 40 сол аст, ки дар як ҷой кору фаъолият дорад. Ва дар зиндагӣ мисли падар пок зистану заҳмат кашиданро шиор кардааст:

Бе заҳмату кор нон намебояд хӯрд,
Як луқма ба ройгон намебояд хӯрд!
Ноне, ки бувад ҳосили ранҷи дигарон
Гар ҷон биравад, аз он намебояд хӯрд!

Ҳар гоҳе, ки аз падар ёд мекунад, хотираҳо лаҳзаҳои нотакрор ба ҷилва омада, ӯро аз гузаштаи умр огоҳ сохтаанд. Агар кас гузаштаашро фаромӯш созад, аз оянда чӣ умед мебандад, мегӯяд Маҳкам Ҷураев. Гӯё дирӯзакак буд, ки дар пайраҳаи зодгоҳаш деҳаи Қум қадам зада ҳамроҳи ҳамдеҳагон шодию ғамашро якҷоя медид. Ҳар гоҳе, ки ба волидайн кӯмак, дасти ӣр

пешина
аз 82
навбатӣ