Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
Маҳкам Ҷӯраев ошиқи обу хоки сарзамини муқаддаси ниёгон аст. Ин аст, ки вай тамошо, сайру саёҳати мавзеъҳои таърихӣ, гӯшаҳои афсонавии Тоҷикистонро дӯст доштааст. Акаи Маҳкам ба бисёр шаҳрҳои қадимаи Федератсияи Россия мисли Қрим, Толятти, Москва, Ленинград ва хориҷа сафар карда бо таассуроти амиқ баргаштааст. Амро ба кадом гӯшаю каноре рафта бошад, ҳамеша бо ёди Ватан – Тоҷикистони маҳбуб буда, шукри диёр намудааст. Ӯ гаштаю баргашта таъкид мекунад, ки ягон гӯшаи дунё мисли Тоҷикистон пурфайзу баракат, офтобӣ нест. Манзараҳои табиат, бешаю кӯҳистони ҷумҳурӣ, макони алафҳои доругӣ, канданиҳои фоиданок ва ганҷҳои нуҳуфта аст.
Маҳкам Ҷӯраев ҳар сол ҳамин ки ба рухсатии меҳнатӣ баромад, даррав ба сайри гӯшаҳои нодиру афсонавии Тоҷикистон мебарояд, мехоҳад дар бораи мамлакати худ маълумоти бештаре дошта бошад. Ҳоло ҳам ӯ аз тамошою мӯъҷизаи мавзеи Чилучорчашмаи ноҳияи Шаҳритуз, Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод, Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ, Зоркӯли вилояти Бадахшони кӯҳӣ дар тааҷҷуб аст.
Гоҳ – гоҳе пеши назараш ҳамон манзараҳои ҳаракати моҳиҳои гуногун, дар чашмаҳои поку зулоли Чилучорчашма ба ҷилва меояд. Селаи моҳиҳо дар қаъри об бомаром дар шиноанду дуртар сайёҳон аз офаридаҳои табиати афсункор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё